Коршинос: Отамбоев бо изҳороти пурсарусадо мансабро тарк мекунад

Сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки изҳороти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, ки рӯзҳои наздик мансабро тарк мекунад, нисбати сарони дигар кишварҳо бемавриду номуносиб буда, барои сиёсатмадору шахси поквиҷдону дурусткор зебанда нестанд. «Агар дар муносибатҳои ду давлдт мушкилот ҷой дошта бошад, онро на тариқи изҳорот дар ВАО, балки сари мизи гуфтушунид ҳал мебояд […]

Сиёсатшиноси тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки изҳороти президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев, ки рӯзҳои наздик мансабро тарк мекунад, нисбати сарони дигар кишварҳо бемавриду номуносиб буда, барои сиёсатмадору шахси поквиҷдону дурусткор зебанда нестанд.

«Агар дар муносибатҳои ду давлдт мушкилот ҷой дошта бошад, онро на тариқи изҳорот дар ВАО, балки сари мизи гуфтушунид ҳал мебояд кард», – иброз дошт ӯ.

Президенти Қирғизистон рӯзи 20 ноябр зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир ними марзи Қирғизистону Тоҷикистон аломатгузорӣ шудааст.

«Омода будем, ки 50 дарсади боқиро низ муайян кунем, вале танҳо як шарт доштем, ки нимаи дувуми марз низ бо усуле аломатгузорӣ шавад, ки қисми аввал шудааст. Ҳамин тавр ҳам мешуд, агар ба президенти Тоҷикистон маслиҳат намедоданд, ки марзи боқӣ бо усули дигар аломатгузорӣ шавад», – гуфт ӯ.

Қаблан аввали моҳи апрели соли гузашта собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева изҳор дошта буд, ки сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаллу фасли мушкилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон худро канор мегирад.

«Замони президентиам Эмомалӣ Раҳмонро сари мизи гуфтушунид даъват карда, аз мушкилот пурсон ва ҳалли онро пешниҳод мекардам, вале ӯ бо ҳар роҳ худро аз ин канор гирифта, суҳбатро ба самти дигар мебурд», – иброз дошта буд Отунбоева.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ, зимни гуфтушунидҳо бо Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ дар сарҳад Тоҷикистон санадҳои нимаи солҳои 20-уми асри гузашта қабулшударо асос медонад, вале Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 50-уми қарни гузашта қабулшуда такя мекунад.

Ба ақидаи ҷониби Тоҷикистон, санадҳои нимаи солҳои 50-уми асри гузашта қабулшуда ҳукми қонунӣ надоранд, зеро кишвари ҳамсоя онҳоро якҷониба қабул карда, дар он манфиатҳои Тоҷикистон ба инобат гирифта нашудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин  тез-тез иваз шудани ҳайати ҳукумати Қирғизистон низ ба ҷараёни гуфтушунид оид ба масоили сарҳад халал мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дарозии марзи миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон 971 километр буда, то охири соли 2013 беш аз 500 километри он аломатгузорӣ шудааст . Дар марзи давлатии кишварҳо наздики 70 қитъаи баҳснок вуҷуд дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.