10 модели гаронарзиши ҷаҳон аз нигоҳи маҷаллаи Forbes

Маҷаллаи амрикоии Forbes рейтинги моделҳои гаронарзишро дар саросари ҷаҳон ба нашр расонид. Тавре РБК менависад, моделҳои дар ин феҳрист сабтшуда давоми як сол дар маҷмӯъ 109,5 млн. доллар пул кор кардаанд. Кендалл Ҷеннер Модели амрикоӣ Кендал Ҷеннер пешсафи рейтинг буда, аз 1 июни соли 2016 то 1 июни соли равон 22 млн. доллар маблағ ба […]

Маҷаллаи амрикоии Forbes рейтинги моделҳои гаронарзишро дар саросари ҷаҳон ба нашр расонид.

Тавре РБК менависад, моделҳои дар ин феҳрист сабтшуда давоми як сол дар маҷмӯъ 109,5 млн. доллар пул кор кардаанд.

Кендалл Ҷеннер

Модели амрикоӣ Кендал Ҷеннер пешсафи рейтинг буда, аз 1 июни соли 2016 то 1 июни соли равон 22 млн. доллар маблағ ба даст овардааст.

Жизел Бюндхен

Даромади модели бразилиягӣ давоми сол 17,5 млн. доллар арзёбӣ шуда, муддати 15 соли охир маҳз ӯ дар зинаи аввали ин рейтинг қарор дошт.

Крисси Тейген

Ин модели амрикоӣ бори нахуст ба феҳрист шомил гардида, ҳаҷми даромади солонааш 13,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Адриана Лима

Зинаи чоруми рейтингро бо даромади солонаи 10,5 млн. доллар модели бразилиягӣ Адриана Лима ишғол мекунад.

Ҷиҷи Ҳадид

Шаҳрванди ИМА Ҷиҷи Ҳадид низ бо даромади 9,5 млн. доллар дар як сол ба рейтинги Forbes шомил гардидааст.

Роузи Хантингтон-Уайтли

Модели бритониёӣ Роузи Хантингтон-Уайтли низ давоми як сол 9,5 млн. доллар маблағ ба даст овардааст.

Карли Клосс

Боз як модели амрикоӣ Карли Клосси 25-сола низ дар ин рӯйхат ҷой дошта, тӯли як сол 9 млн. доллар кор кардааст.

Лю Вэнь

Бо даромади солонаи 6,5 млн. доллар модели Чин Лю Вэн дар мақоми 8-уми рейтинг қарор дорад.

Белла Ҳадид

Ҷавонтарин намоянда миёни моделҳои гаронарзиши саросари ҷаҳон шаҳрванди ИМА Белла Ҳадид мебошад, ки давоми сол 6 млн. доллар маблағ ба даст овардааст.

Эшли Грэм

Мақоми охирин даҳгонаи моделҳои гаронарзиши саросари дунёро модели амрикоии plus-size Эшли Грэм бо даромади 5,5 млн. доллар касб кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.