Қушунҳои сарҳадӣ: Пешниҳоди маълумотномаи душаҳрвандӣ ҳатмӣ нест

Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ба дархости «Азия-Плюс» дар мавриди қонунӣ будани талаби пешниҳоди маълумотнома дар бораи шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби гузаргоҳҳои назоратӣ дар нуқтаҳои убури марзи давлатии Тоҷикистон посух дод. «Мувофиқи моддаи 7-и Шартнома байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ аз 7 сентябри соли 1995, ҳуқуқ ё уҳдадориҳои иловагии барои шаҳрвандони […]

Раҳбарияти Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ба дархости «Азия-Плюс» дар мавриди қонунӣ будани талаби пешниҳоди маълумотнома дар бораи шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби гузаргоҳҳои назоратӣ дар нуқтаҳои убури марзи давлатии Тоҷикистон посух дод.

«Мувофиқи моддаи 7-и Шартнома байни Тоҷикистон ва Россия дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ аз 7 сентябри соли 1995, ҳуқуқ ё уҳдадориҳои иловагии барои шаҳрвандони хориҷии дар Тарафи будубош муқарраршуда, барои шаҳрвандони дорои шаҳрвандии ҳарду Тарафи дар қаламрави яке аз Тарафҳо ҳузурдошта маҳдуд намешавад. Ба ин шаҳрвандон, ки  ҳангоми убури сарҳади давлатии Тоҷикистон бо худ шиносномаҳои ҳарду кишварро доранд, пешниҳоди маълумотнома дар бораи душаҳрвандӣ ҳатмӣ нест», – оварда мешавад дар посух зери имзои сардори яке раёсатҳои Қушӯнҳои сарҳадӣ Холбаш Холбашов.

Дар ҳамин ҳол, хадамоти матбуоти Қушӯнҳои сарҳадӣ ба маълумоти ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар сурати дучор шудан ба ҳама гуна поймолкунии қонун ва ҳуқуқҳояшон аз ҷониби сарҳадбонон, бо ариза ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотемур, 31 ё ба шуъбаи навбатдорӣ бо телефони 48-701-67-79 муроҷиат намоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар маводи «Агар шаҳрванди ду кишвар бошӣ, исбот кун, ки гаранг нестӣ» мо доир ба мушкилоти хонандагони дорои шаҳрвандии ду кишвар зимни убури сарҳади давлатии Тоҷикистон маълумот додем, ки бо монеъаҳои навбатии маъмурӣ дар гузаргоҳҳои марзӣ дучор мешаванд.

Барои хонандагон нофаҳмо буд, ки оё талаби маълумотнома (справка) дар бораи шаҳрвандии ду кишвар аз ҷониби гузаргоҳи марзӣ қонунӣ аст, дар сурате ки мавҷуд будани ҳарду шиноснома аллакай ба ин шаҳодат медиҳад-ку?

Зимнан дар мавриди ин масъала аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки додани чунин маълумотнома ҳатмӣ набуда, вале агар чунин маълумотнома ба шаҳрванд зарур бошад, метавонад онро бепул гирад. Хонандагони ба мо муроҷиаткарда изҳор дошта буданд, ки барои гирифтани он ба кормандони воҳидҳои хадамоти шиносномадиҳиву бақайдгирӣ аз 100 то 150 сомонӣ маблағ пардохт кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.