Муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 33,3 фоиз афзуд

Тӯли се моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи каме бештар аз 243 млн. доллар молу маҳсулот содирот кард. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра беш аз 790 млн. долларро ташкил додааст. Тавозуни савдо манфӣ ва ба 547,6 млн. доллар баробар аст. Семоҳаи […]

Тӯли се моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи каме бештар аз 243 млн. доллар молу маҳсулот содирот кард.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра беш аз 790 млн. долларро ташкил додааст. Тавозуни савдо манфӣ ва ба 547,6 млн. доллар баробар аст.

Семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ба сурати умум 1 млрд. 33,7 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 258,5 млн. доллар ё худ 33,3 фоиз зиёдтар мебошад.

Дар ин давра Тоҷикистон бо 90 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ дошт. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон тӯли се моҳи соли 2018 Русия (муомилоти моли дуҷониба – 228 млн. доллар), Қазоқистон (204 млн. доллар), Чин (130 млн. доллар), ИМА (108 млн. доллар) ва Туркия (91 млн. доллар) шуморида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан ашёи хом содирот мекунад. Қариб нисфи ҳаҷми содирот кишвар дар семоҳаи аввали соли 2018 ба маҳсулоти минералӣ рост меояд.

Ба Тоҷикистон қариб пурра маҳсулоти тайр ворид карда мешавад. Қариб сеяки воридоти имсоларо воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизот ташкил доданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.