Нахустин машқҳои ҳарбии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон

Бори нахуст тӯли солҳои истиқлолият то охири соли равон машқҳои ҳарбии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, айни замон намояндагони Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо масъалаи муҳлати баргузорӣ ва шумори сарбозону афсарон ва техникаеро, ки ба тамринҳо сафарбар мешаванд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд. […]

Бори нахуст тӯли солҳои истиқлолият то охири соли равон машқҳои ҳарбии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, айни замон намояндагони Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо масъалаи муҳлати баргузорӣ ва шумори сарбозону афсарон ва техникаеро, ки ба тамринҳо сафарбар мешаванд, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор додаанд.

Тамринҳои низомӣ метавонанд дар қаламрави якчанд машқгоҳҳо, ки дар қаламрави ду кишвар воқеъ аст, гузаронида шаванд.

Дар ҷараёни машқҳо истифодаи тарзу воситаҳои муборизаи муштарак бо терроризми байнулмилалӣ мавриди омӯзишу амал қарор мегиранд.

Зимнан хотиррасон шуд, ки дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни кишварҳо дар бораи транзити ҳарбиён, борҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои низомӣ тариқи қаламрави давлатҳо созишнома ба имзо расид. Ҳамон вақт миёни Вазоратҳои мудофиаи кишварҳо низ созишномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.