Нигаронии Сарвари давлат аз вазъи солимии Бозор Собир

Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоири мардумӣ Бозор Собир, ки айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Сиэтл (ИМА) бистарӣ аст, маблағ ҷудо намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, маблағи ҷудошуда (миқдораш маълум нест, – идора) аллакай ба ҳамсари шоир Гулчеҳра дода шудааст. «Вазъи саломатии Бозор Собир […]

Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоири мардумӣ Бозор Собир, ки айни замон дар шуъбаи эҳёгарии бемористони шаҳри Сиэтл (ИМА) бистарӣ аст, маблағ ҷудо намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, маблағи ҷудошуда (миқдораш маълум нест, – идора) аллакай ба ҳамсари шоир Гулчеҳра дода шудааст.

«Вазъи саломатии Бозор Собир ноустувор аст: баъзан муваққатан рӯ ба беҳбудӣ оварда, сипас боз бад мешавад», – иброз дошт ӯ. – Ман огаҳам, ки президент аз вазъи солимии шоир нигарон буда, бо қарори ӯ ҳукумат барои муолиҷаи Бозор Собир маблағи кофӣ ҷудо намуд».

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки наздики ду ҳафта аст, ки намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар бемористон паҳлӯи Бозор Собир қарор доранд, ки дар табобати шоир ба наздикони ӯ кумак мекунанд.

«Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои муолиҷаи шоир табибони беҳтарин ҷалб карда шаванд, – гуфт Низом Қосим. – Ташхисҳои Бозор Собир ҷиҳати муоина ва таҳлил ба Маскав ва Олмон фиристода шуданд».

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бемории шоир огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дод, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.