Ҳукми се корманди милитсияи таҳдидгар ба ҳамҷинсгаро 1 май содир мешавад

Ҳукми се корманди милитсияро, ки аз марди намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ бо таҳдид (шантаж) пул тамаъҷӯӣ карданд, суди ноҳияи Сино санаи 1 май содир мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси суди ноҳияи Сино Мизо Одиназода хабар дода, изҳор намуд, ки маълумот дар бораи эълон шудани ҳукм нисбати онҳо гӯё ҳанӯз як ҳафта пеш […]

Ҳукми се корманди милитсияро, ки аз марди намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ бо таҳдид (шантаж) пул тамаъҷӯӣ карданд, суди ноҳияи Сино санаи 1 май содир мекунад.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси суди ноҳияи Сино Мизо Одиназода хабар дода, изҳор намуд, ки маълумот дар бораи эълон шудани ҳукм нисбати онҳо гӯё ҳанӯз як ҳафта пеш асоси воқеӣ надорад.

Суди ноҳияи Сино, маълумоти Радиои Озодӣ дар бораи ҷарима бастани ин кормандони ВКД Тоҷикистонро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ рад кард.

Аввали моҳи феврал се корманди ВКД Тоҷикистон майори милитсия Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як шахсе бо номи Диловар Мирзоев барои таҳдид (шантаж) ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд: онҳо бо таҳдиди оғози парвандаи ҷиноӣ аз намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ пул тамаъҷӯӣ кардаанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гирифтани се ҳазор сомонӣ аз марди ҳамҷинсгаро (гей) аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод боздошт шуданд.

«Онҳо аз ӯ аввал 2 ҳазор сомонӣ гирифта, онро байни худ тақсим мекунанд ва боз 3 ҳазор сомонии дигар талаб карда, вақти гирифтани ин пулҳо аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шуданд», – гуфта буд котиби матбуотии Агентӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи ин далел нисбати кормандони ВКД Тоҷикистон бар асоси моддаҳои «тамаъҷӯӣ» ва «таҳдид»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.