Даъвои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз болои «Тоҷиксодиротбонк»

Раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон «Тоҷиксодиротбонк»-ро дар саривақт барнагардонидани воситаҳои Агентӣ, ки қаблан дар суратҳисоби амонатии ин бонк гузошта шуда буданд, гунаҳкор мекунад. Ҳаҷми умумии ин воситаҳо 200 млн. сомониро ташкил медиҳад. «Бо қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок барои дубора сармоягузории бонкҳо» аз 12 декбари соли […]

Раҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон «Тоҷиксодиротбонк»-ро дар саривақт барнагардонидани воситаҳои Агентӣ, ки қаблан дар суратҳисоби амонатии ин бонк гузошта шуда буданд, гунаҳкор мекунад. Ҳаҷми умумии ин воситаҳо 200 млн. сомониро ташкил медиҳад.

«Бо қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок барои дубора сармоягузории бонкҳо» аз 12 декбари соли 2016, дастур дода шуда буд, ки то 1 январи соли 2017 воситаҳои ташкилотҳои буҷетӣ аз бонкҳои дучори мушкилот бозхонд ва ба суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказии Вазорати молия гузаронида шавад. Аммо воситаҳои Агентӣ ба ин суратҳисоб бо таъхир ворид шуда, дар ин робита раҳбарияти Агентӣ бар асосҳои қонунӣ ҷаримабандии «Тоҷиксодиротбонк»-ро ба маблағи наздики 2,4 млн. сомонӣ талаб мекунад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мирзораҳим Раҳимов.

Ӯ қайд кард, ки мақомоти судии зинаи аввал даъвои Агентиро рад намуда, айни замон шикояти таҷдиди назар ба қарори ин зинаҳо дар Суди олии иқтисодии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Раҳбарияти «Тоҷиксодиротбонк» даъвои Агентиро беасос унвон карда, дар навбати худ, аз ин идора баҳри рӯёнидани воситаҳо дар ҳаҷми беш аз 2 млн. сомонӣ кӯшиш дорад.

«Воситаҳое, ки мувофиқи қарори ҳукумат аз бонк ба хазинадорӣ ба суратҳисоби Агентӣ гузаронида шуданд, дар ҳаҷми беш аз 2 млн. сомонӣ аз маблағи барои Агентӣ муқарраршуда зиёдтар буданд. Бонк дар талош аст, ки ин воситаҳоро барои худ бозгардонад», – гуфт ба «Азия-Плюс» роҳбари хадамоти матбуоти «Тоҷиксодиротбонк» Шералӣ Раҳмоналӣ.

Зимнан илова шуд, ки даъвои дахлдори «Тоҷиксодиротбонк»» дар ин хусус айни замон мавриди баррасии мақомоти судӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2016 ҳукумат дастур дод, ки воситаҳои буҷетӣ аз 4 бонки дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» ба суратҳисоби шуъбаи хазинадории Вазорати молия гузаронида шавад.

Бо ҳамин қарор супориш шуд, ки ба ин бонкҳо дар ҳаҷми умумии 3 млрд. 850 млн. сомонӣ кумак карда шавад. Баъдан, моҳи феврали соли 2017 иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонд шуда, гирифтани кӯмак молиявӣ  танҳо ба «Тоҷиксодиротбонк» (2 млрд. 250 млн. сомонӣ) ва «Агроинвестбонк» (1 млрд. 70 млн. сомонӣ) муяссар шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.