Роҳкирои сафар ба Ӯзбекистон 50 сомонӣ муқаррар шуд

Нимаи дуюми рӯзи 15 май аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон гардиданд. Меҳмонони нахустин хатсайри Тошканд – Хуҷандро, ки аз намояндагони мақомоти нақлиёту ширкатҳои сайёҳӣ ва журналистони кишвари ҳамсоя иборат буданд, дар истгоҳи «Роҳи абрешим»-и шаҳри Хуҷанд самимона истиқбол намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ […]

Нимаи дуюми рӯзи 15 май аввалин автобусҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон вориди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Тоҷикистон гардиданд.

Меҳмонони нахустин хатсайри Тошканд – Хуҷандро, ки аз намояндагони мақомоти нақлиёту ширкатҳои сайёҳӣ ва журналистони кишвари ҳамсоя иборат буданд, дар истгоҳи «Роҳи абрешим»-и шаҳри Хуҷанд самимона истиқбол намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, зимни суханронӣ дар маросими истиқбол муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода қайд кард, ки кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баррасӣ гардиданд ва чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад.

Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад. Нархи роҳкиро аз ҳарду ҷониб 50 сомонӣ муқаррар гардидааст. Масофаи роҳи хатсайр 174 километр, вақти сафар 4,5 соат аст.

Намояндаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Қурбналӣ Хидирзода иброз дошт, ки муддати ду-се ҳафтаи оянда равуои нақлиёти мусофирбар тариқи тамоми хатсайрҳои мувофиқашуда, аз ҷумла аз Исфараву Конибодм ба Қӯқанд, Андиҷон, Намангон ва Фарғона, хатсайрҳои Душанбе – Тирмиз, Душанбе – Деҳнав, Душанбе – Тошканд, Панҷакент – Самарқанд, Панҷакент – Бухоро ва Шаҳритӯс – Тирмиз ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ байни давлатҳои 10 хатсайри равуои нақлиёти мусофирбар амал хоҳад кард.

Хидирзода ҳамчунин шаҳрвандонро огоҳ кард, ки зимни сафар бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ дошта бошанд ва барои кӯдакони синни то 5-сола шояд равуо бепул шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.