Ҳукумат аз фурӯши корхонаи дӯзандагии Зайд Саидов даст кашид

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукумат айни замон аз фурӯши корхонаи дӯзандагии «Гулистон Душанбе», ки солҳои охир барои он харидор ҷустуҷӯ мекард, даст кашид. «Корхонаи «Гулистон Душанбе» феълан дар тавозуни давлат қарор дошта, ба кори худ идома медиҳад, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Кумита. – Мо ҳамасола ба […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ҳукумат айни замон аз фурӯши корхонаи дӯзандагии «Гулистон Душанбе», ки солҳои охир барои он харидор ҷустуҷӯ мекард, даст кашид.

«Корхонаи «Гулистон Душанбе» феълан дар тавозуни давлат қарор дошта, ба кори худ идома медиҳад, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Кумита. – Мо ҳамасола ба ҳукумат барномаи фурӯши амволи давлатиро пешниҳод мекунем, дар рӯйхат ин корхона низ ҳаст. Имсол барои фурӯши он иҷозатнома нагирифтем».

Бино ба иттилои манбаъ, дар музоядаи рӯзи 23 май танҳо яке аз анборҳои корхона ба фурӯш гузошта шуда, маблағи нархи аввали он 784 ҳазору 436 сомониро ташкил медиҳад.

«Бо пешниҳоди ариза ба Кумита ва пардохти ҳақмузди таъмини дархост дар ҳаҷми 17,5 ҳазор сомонӣ, ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар музояда, ки рӯзи 23 май соати 10:00 бо суроғаи кӯч. Теҳрон, 21 оғоз мегардад, иштирок кунанд», – гуфтанд дар Кумита.

Моҳи январи соли 2017 Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатииҷумҳурӣ хабар дода буд, ки нархи аввалияи бастаи саҳмияҳои тамоми корхона 32 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. доллар) арзёбӣ мешавад.

Фурӯхта натавонистанд

««Корхона ду маротиба – моҳи сентябри соли 2016 ва моҳи январи соли 2017 ба фурӯш гузошта шуд, вале харидорони имконпазир таваҷҷуҳ зоҳир накарданд», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» дар ин робита муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинзода.

Моҳи апрели соли 2014 бо қарори суди иқтисодии шаҳри Душанбе корхонаи мазкур ба моликияти давлат гузашт. Суд даъвои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро дар бораи ғайриқонунӣ хусусигардонии корхона қонеъ намуд. Сипас корхона аз ҶСП «Гулистон» ва ҶСК «Гулистон Душанбе» табдили ном кард.

«Корхона аз баъзе субъектҳо қарзҳои зиёд дошт, аз ҷумла ба БДА «Амонатбонк» ва ҶСП «Фононбонк» қарздор буд, – иброз дошта буд Наҷмиддинзода. – Мувофиқи қонунгузории амалкунанда, ҳамаи ин қарзҳо ҳамроҳ бо корхона ба ихтиёри давлат гузаштанд».

ҶСП «Гулистон» соли 2002, замони вазири саноати Тоҷикистон будани Зайд Саидов хусусӣ гардонида шуд. Дар Агентии зиддифасод бар ин назаранд, ки Саидов бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии ин корхона мусоидат кардааст.

Дар сомонаи корхона гуфта мешавад, фабрикаи «Гулистон Душанбе» асосгузори истеҳсолоти дӯзандагӣ дар Тоҷикистон ва аз соли 1933 корхонаи аз ҳама бештар соҳибтаҷрибаи истеҳсоли сарулибоси мардона ва занона мебошад.

Соли 2004 корхона бо таҷҳизоти такмилёфта таъмин гардид, ки ба дӯхтани сарулибоси ҳама гуна навъ имкон фароҳам овард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.