Оғози амалиёти «Кӯкнор-2018» дар шаҳри Душанбе

Дар шаҳри Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2018» оғоз гардид, ки дар ду марҳила – 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр доир мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, амалиёт бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2018» оғоз гардид, ки дар ду марҳила – 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, тибқи қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ, амалиёт бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ оид ба ошкору нобуд кардани растаниҳои нашъаовари худрӯй, тақвият бахшидан ба муборизаи зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳудуди пойтахт роҳандозӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар робита ба иҷрои ин қарор оид ба роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолият барои ташкил ва гузаронидани  амалиёт ситоди шаҳрӣ таъсис дода мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ ситодҳои марбутаи ноҳиявиро таъсис ва оид ба ташкил ва гузаронидани амалиёти мазкур дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳо, бо ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигии шаҳр ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ чораҳо меандешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.