Симпозиуми байналмилалии арҷгузорӣ ба Мавлоно дар Душанбе

Бо ташаббуси Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) тирамоҳи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба хотири арҷгузорӣ аз хотираи олими бузурги тасаввуф, мутафаккир ва шоир Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки аз бузургтарин сарватҳои умумифарҳангии турку тоҷик ба шумор меравад, Симпозиуми байналмилалии Мавлоно баргузор мешавад. Барои гузаронидани корҳои омодагӣ оид ба симпозиуми қарибулвуқӯъ якҷоя бо […]

Asia-Plus

Бо ташаббуси Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) тирамоҳи соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба хотири арҷгузорӣ аз хотираи олими бузурги тасаввуф, мутафаккир ва шоир Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки аз бузургтарин сарватҳои умумифарҳангии турку тоҷик ба шумор меравад, Симпозиуми байналмилалии Мавлоно баргузор мешавад.

Барои гузаронидани корҳои омодагӣ оид ба симпозиуми қарибулвуқӯъ якҷоя бо яке аз муассисаҳои кӯҳанбунёди Тоҷикистон – Академияи илмҳои ҶТ, аз Туркия гурӯҳи профессорҳо ва муҳаққиқони муътабари ин соҳа ба Душанбе ташриф оварданд, то ки ҳамроҳ бо ҳамкорони худ музокирот барпо намуда, санаи баргузории симпозиум, муддати он ва ухдадориҳои тарафҳоро баррасӣ намоянд.

Дар ҳайате, ки аз Туркия бо роҳбарии муовини Раиси ТИКА Мехмет Сурейя Эр барои ташкили симпозиум омадаанд, инчунин шомиланд: Директори Институти таҳқиқотии Мавлонои Донишгоҳи Селчуқи шаҳри Куния профессор-доктор Алӣ Темизел, Мудири кафедраи забон ва адабиёти форсии Донишгоҳи Анқара профессор-доктор Хичаби Кирлангич, Роҳбари Ҷамъияти таҳқиқотии Мавлоно, Мудири кафедраи забон ва адабиётҳои шарқи Донишгоҳи Кириккале профессор-доктор Аднан Караисмаилоғлу ва Директори минтақавӣ оид ба омӯзиши осори хаттии шаҳри Куния Бекир Шоҳин.

Мавлоно Балхӣ аз нобиғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун Худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. У инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад.

Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати навъи сухан назму насро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот ишқро бар имон ҳаётро ба марг оштиро ба ҷанг таҳким медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.