«Нест бод Кабирӣ!»: гирдиҳамойӣ назди сафорати Эрон

Имрӯз назди бинои сафорати Эрон дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиорҳои «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» гирдиҳамойӣ оростанд. Миёни тазоҳургарон аксаран ҷавонон ва ҳамчунин занон ҳузур доштанд. Ҷамъомадагон изҳор медоштанд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд». Навори видеои ин таҷаммӯъ […]

Asia-Plus

Имрӯз назди бинои сафорати Эрон дар Душанбе даҳҳо нафар бо шиорҳои «Нест бод Кабирӣ!», «Соли 1992-2000-умро намехоҳем!», «Аз мардуми мусулмони Тоҷикистон чӣ мехоҳед!?», «Фарзандони моро роҳгум накунед!» гирдиҳамойӣ оростанд. Миёни тазоҳургарон аксаран ҷавонон ва ҳамчунин занон ҳузур доштанд.

Ҷамъомадагон изҳор медоштанд, ки «касе ҳуқуқ надорад ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат намояд».

Навори видеои ин таҷаммӯъ дар сомонаи Faraj.tj мунташир шудааст.

Аз муроҷиатҳои тазоҳургурон бармеояд, ки онҳо аз консул ва намояндагии Эрон дар Тоҷикистон талаб доранд, ки сокинони Тоҷикистонро аз Эрон ба ватан баргардонанд, то ки онҳо гумроҳ нашуда, ба амнияти кишвар хатар эҷод насозанд.

Гирдиҳамойӣ на бештар аз ним соат давом карда, сипас тазоҳургарон пароканда шуданд.

Дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон ин ҳодисаро ба ҳеҷ гунае шарҳ надоданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.