Барои дастурхони пуршукӯҳу исрофкорӣ дар Иди Қурбон – ҷарима 5 ҳазор сомонӣ

Кормандони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон рейд гузаронида, андоза ва “хоксорӣ”-и дастурхонро муайян мекунанд. Қобили зикр аст, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон имсол санаи 21 август ҷашн гирифта мешавад. “Дар доираи баргузории рейд дастурхони оростаи аҳолӣ санҷида мешавад, то ки ба зиёдаравӣ […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+

Кормандони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон дар рӯзи ҷашни Иди Қурбон рейд гузаронида, андоза ва “хоксорӣ”-и дастурхонро муайян мекунанд.

Қобили зикр аст, ки Иди Қурбон дар Тоҷикистон имсол санаи 21 август ҷашн гирифта мешавад.

“Дар доираи баргузории рейд дастурхони оростаи аҳолӣ санҷида мешавад, то ки ба зиёдаравӣ ва исрофкорӣ роҳ дода нашуда, дастурхон хоксорона бошад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, андозаи дастурхони идона то 1х1,5 метр муқаррар шуда, рӯи он бояд мева ва чанде аз навъҳои шириниҳои идона, аз ҷумла чагалдак ва орзуқ гузошта шуда бошад. “Хушкмева ҳам гузоштан боке надорад, лекин набояд хеле зиёд бошад”, – қайд кард ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки барои риоя нашудани ин қоидаҳо барои қонуншиканон 5 ҳазор ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи августи соли 2017 ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ”тағйирот ворид шуда, ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки дар рӯзи ҷашнҳои Иди Рамазону Қурбон ба исрофкорӣ роҳ надода, дастурхони хоксорона ороянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.