Мусобиқаи дав ва велосипедронӣ ба хотири гиромидошти хотири сайёҳони кушташуда

Ширкати тавлиди оби «Бонаква» дар мавзеи истироҳатии куҳии Cафеддара ба хотири гиромидошти хотири сайёҳони кушташуда дар Данғара мусобиқаи дав ва велосипедронӣ ташкил кард, ки дар он аз наврасони 12-сола то пиронсолони то 67-сола ширкат доштанд. Мусобиқа бо лаҳзаи хомӯшии ширкатдорон оғоз шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар сабқати велосипедронон ва давандагон ҳамзамон бо варзишкорони […]

Ширкати тавлиди оби «Бонаква» дар мавзеи истироҳатии куҳии Cафеддара ба хотири гиромидошти хотири сайёҳони кушташуда дар Данғара мусобиқаи дав ва велосипедронӣ ташкил кард, ки дар он аз наврасони 12-сола то пиронсолони то 67-сола ширкат доштанд. Мусобиқа бо лаҳзаи хомӯшии ширкатдорон оғоз шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар сабқати велосипедронон ва давандагон ҳамзамон бо варзишкорони маҳаллӣ, хориҷиёни дӯстдори дав ва дучархаронӣ ширкат доштанд. Мусобиқа дар роҳи мушкили куҳии Сафеддара баргузор шуда, ҳатто теъдоде аз ширкаткунандагон то хатти марра нарасиданд. Тӯли сабқати дав 7,5 километр ва велоспедронӣ 6 километр ба баландии куҳ ҷараён гирифт. Велоспедронон дар баландии 2590 метр ба марра расиданд.

Гуфта мешавад, дар сабқати велоспедронон миёни мардон Марат Ҳикматуллоеви тоҷик ва миёни занҳо Никол Чении олмонӣ мақоми аввалро ба даст оварданд. Дар мусобиқаи давидан Меҳрангез Назарова ва Меҳрубон Шамсиддинов пирӯз шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.