Ҳабси 3 нафар ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии прекурсорҳо

Кормандони Шуъбаи ВКД-1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се нафарро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо боздошт намуданд. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Муҳаммадхон Муҳаммедов ва Комилҷон Халилов, ҳамчунин ронандаи кироякаш Илҳомиддин Хайриддинов дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми кӯшиши фурӯши миқдори зиёди прекурсорҳо […]

Кормандони Шуъбаи ВКД-1 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе се нафарро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии прекурсорҳо боздошт намуданд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Муҳаммадхон Муҳаммедов ва Комилҷон Халилов, ҳамчунин ронандаи кироякаш Илҳомиддин Хайриддинов дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҳангоми кӯшиши фурӯши миқдори зиёди прекурсорҳо дар Душанбе боздошт шуданд.

“Аз номбурдагон 10-адад зарфҳои полиэтиленӣ, ки дар дохилашон маҳлули махсус ҷойгир буданд, дарёфт ва мусодира карда шуда, барои санҷиш ба ниҳоди дахлдор супорида шуданд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷа мутобиқи маълумотномаи экспертизаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон муайян гардид, ки маводҳои мусодирашуда ангидриди кислотаи атсетат буда, вазни холисаш 120 килограммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки ангидриди кислотаи атсетат ба «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва перекурсорҳо» дохил карда шуда, он барои омода намудани воситаҳои нашъадор истифода мешавад, ки муомилоти ғайриқонунии он ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад.

“Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ ҳамчунин муайян карда шуд, ки гумонбарон ин миқдор моддаҳои ба саломатӣ хавфнокро ба таври қочоқ аз шаҳрванди давлати хориҷӣ ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон ворид намуда, бо фурӯши он мақсади ба даст овардани маблағи калони пулиро доштанд”, – қайд мешавад дар маълумот.

Ба иттилои манбаъ, айни замон гумонбарон Муҳаммадхон Мухаммедов ва Комилҷон Халилов дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 202 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.