Вакилони мардумӣ бо интихобкунандагони худ вомехӯранд

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 10 то 18 сентябр бо интихобкунандагони худ вомехӯранд. Вохӯриҳо мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита хабар дод, зимни вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик […]

Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 10 то 18 сентябр бо интихобкунандагони худ вомехӯранд. Вохӯриҳо мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Мачлиси Олии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов дар ин робита хабар дод, зимни вохӯриҳо вакилон бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар ва мушкилоти интихобкунандагон аз наздик шинос мешаванд.

Гайр аз ин, ба гуфтаи манбаъ, вакилон ба интихобкунандагон дар бораи фаъолияти парлумон маълумот дода, аз ҷараёни амалисозии барномаҳои пешазинтихоботии худ гузориш медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки вакилони мардумӣ маъмулан ду маротиба дар як сол бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронанд: моҳи сентябр баъди анҷоми рухсатии тобистона ва зимистон – барои шарҳу тавзеҳи паёмҳои ҳамасолаи Президенти мамлакат  ба парлумон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.