Афзоиши босуръати ҳаҷми интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон нимсолаи дуюм шурӯъ гардида, моҳи июли соли равон ба кишвари ҳамсоя 417 млн. кВт/сат нерӯи барқ интиқол дода шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳҳои пешин ин нишондиҳанда ба 110-120 млн. кВт/соат баробар буд. Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби […]

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон нимсолаи дуюм шурӯъ гардида, моҳи июли соли равон ба кишвари ҳамсоя 417 млн. кВт/сат нерӯи барқ интиқол дода шуд ва ин ҳам дар ҳолест, ки моҳҳои пешин ин нишондиҳанда ба 110-120 млн. кВт/соат баробар буд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо дастгирии молиявии САҲА таҳия мешавад, зикр мегардад, ки интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аввали моҳи апрел баъди қариб танаффуси даҳсола аз сар гирифта шуда, ҳаҷми содироти он ба кишвари ҳамсоя на камтар аз 1,5 млрд. кВт/соат дар як сол пешбинӣ мешавад.

Қаблан Душанбе ва Тошканд дар мавриди нархи интиқоли барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба мувофиқа расида буданд. Дар мавсими тобистон Ӯзбекистон барқро бо арзиши 2 сенти амрикоӣ барои 1 кВт/соат ва дар мавсими зимистон – 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад.

Дар гузориш қайд мешавад, ки моҳи июл Тоҷикистон 30,2% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшударо ба хориҷи кишвар содирот намуд: моҳи июл аз 2 млрд. 43 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда 617 млн. кВт/соат ба хориҷи кишвар интиқол ёфт. Ба ҷуз Ӯзбекистон, нерӯи барқ дар ҳаҷми 200 млн. кВт/соат ба Афғонистон низ интиқол дода шуд.

Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон дар як моҳ ба ҳисоби миёна қариб ду баробар афзуд: агар аз ин пеш ба кишварҳои ҳамсоя ҳар моҳ каме бештар аз 300 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол меёфт, пас дар моҳи июл ин рақам ба 600 млн. кВт/соат расид.

Барқарор шудан ва афзоиши интиқоли барқ ба Ӯзбекистон имкон дод, ки Тоҷикистон аллакай нимсолаи аввали соли ҷорӣ содироти ҳаҷми пешбинишудаи нерӯи барқро барзиёд иҷро намояд. Аз оғози сол Тоҷикисон 1 млрд. 557 млн. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар содирот намуд.

Давоми моҳҳои апрел-июл аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи қариб 15,4 млн. доллар наздики 770 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд.

Мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020, то охири соли ҷорӣ содироти 1,4 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ба нақша гирифта шуда буд.

Аммо ин ҳуҷҷат соли гузашта таҳия ва тасдиқ шуд, ки он замон масъалаи барқарор шудани содирот нерӯи бари Тоҷикистон ба Ӯзбекистон пурра ҳаллу фасл нашуда буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.