Душанбе – беҳтарин шаҳри Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи бузургшаҳрҳо

Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе аз Олимпиадаи бузургшаҳрҳо (мегаполисҳо) аз фанҳои математика, кимиё ва информатика бо ҷоизаи сеюм дар ҳисоби даставӣ, ду медали нуқра ва чор медали бириниҷӣ дар ҳисоби шахсӣ баргашта, аз дигар дастаҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ: Алмаато, Остона ва Бишкек ба таври назаррас пешсаф шуд. Олимпиада рӯзҳои 2-9 сентябр дар шаҳри Маскав бо ташаббуси […]

Дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе аз Олимпиадаи бузургшаҳрҳо (мегаполисҳо) аз фанҳои математика, кимиё ва информатика бо ҷоизаи сеюм дар ҳисоби даставӣ, ду медали нуқра ва чор медали бириниҷӣ дар ҳисоби шахсӣ баргашта, аз дигар дастаҳои шаҳрҳои Осиёи Марказӣ: Алмаато, Остона ва Бишкек ба таври назаррас пешсаф шуд.

Олимпиада рӯзҳои 2-9 сентябр дар шаҳри Маскав бо ташаббуси раиси ин шаҳр Сергей Собянин доир гардида, дар он намояндагони 33 пойтахт ва шаҳрҳои дорои аҳолии чандинмиллионнафара аз саросари дунё ширкат варзиданд.

Аз дастаи Тоҷикистон аз фанни математика хонандагони Литсейи тоҷикиву русии “Ҳотам ва ПВ” Наимҷон Хонҷонов ва Шоҳрухи Муҳаммадҷон, аз физика – Пиров Далер ва Фараҳманд Ҳасанов, аз кимиё – Акмал Исматуллоев ва Нодир Аминзода ва аз информатика – Рахшон Амонов ва Анӯшервон Бозоров иштирок карданд.

Наимҷон Хонҷонов ва Далер Пиров, ки ҳарду ҳам гирандагони стипендияи раиси шаҳри Душанбе мебошанд, ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардиданд.

Шоҳрухи Муҳаммадҷон, Фараҳманд Ҳасанов, Рахшон Амонов ва Анӯшервон Бозоров медалҳои биринҷии олимпиадаро ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байни фанҳо дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ ба ҷоизаи сеюм соҳиб шуд. Толибилмони тоҷик аз намояндагони шаҳрҳои дорои аҳолии чандинмиллионнафара ва пойтахти давлатҳое чун Берлин, Бостон, Дюсселдорф, Инсбрук, Байтулмуқаддас, Инсбрук, Милан, Тел-Авив, Хелсинки, Мадрид, Франкфур, Уланатр ва дигар шаҳрҳо пеш гузаштанд.

Иштироки дастаи мунтахаби шаҳри Душанберо дар ин олимпиада метавон муваффақона унвон кард, зеро аз рӯи синнусол ин даста аз дигар дастаҳо ҷваонтарин буд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Литсейи тоҷикиву русии “Ҳотам ва ПВ”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.