Иштироки десантчиёни тоҷик дар тамринҳои низомӣ дар ИМА

Гурӯҳи десантчиёни нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ҷиҳати иштирок дар тамринҳои “Ҳамкории минтақавӣ-2018”, ки дар пойгоҳи низомии амрикоии Эдвардс дар штати Массачусетс аз 10 то 21 сентябр баргузор баргузор мешаванд, ба ИМА раҳсипор шуд. Созмондеҳи тамринҳо Фармондеҳии марказии ИМА буда, дар он ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Афгғонистон, Муғулистон, […]

Гурӯҳи десантчиёни нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта ҷиҳати иштирок дар тамринҳои “Ҳамкории минтақавӣ-2018”, ки дар пойгоҳи низомии амрикоии Эдвардс дар штати Массачусетс аз 10 то 21 сентябр баргузор баргузор мешаванд, ба ИМА раҳсипор шуд.

Созмондеҳи тамринҳо Фармондеҳии марказии ИМА буда, дар он ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Афгғонистон, Муғулистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ иштирок мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимов.

Дар ин тамринҳои низомӣ беш аз 200 нафар хизматчиёни ҳарбии кишварҳои гуногун ширкат меварзанд.

Мувофиқи нақшаи тамринҳо, ба амалиёт оид ба таъмини субот, амнияти сарҳадҳо, мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва муқовимат ба муомилоти мавод ва технологияи манъшуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.