Сафари президент ба ВМКБ. Ҳисоботи ВКД аз ихтиёрӣ супурдани силоҳи оташфишон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, дар […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардида, дар ин ҷо бо иштироки Президент нахуст бинои наву замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 дар маркази ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, бинои нави мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои муосиртарин шароити таълиму тарбия барои насли наврас мебошад. Иншооти мазкур аз се бинои ду ва сеошёна иборат мебошад.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ин муассиса Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мактаби №4 дар ноҳияи Ванҷ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент бо харҷи 18 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 1280 нафар фарзандони мардуми ноҳияи Ванҷ ба раванди таълиму тарбия ҷалб карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, КДАМ ва ВКД Тоҷикистон аз анҷоми амалиёт оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ВМКБ ҳисобот доданд: ба мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аҳолии ВМКБ 39 адад силоҳи оташфишонро ихтиёран супориданд, аз ҷумла 11 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 8 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АКМ», 1 адад пулемёт ва 19 адад дигар намуд силоҳҳо.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД ҶТ, аз ин миқдор, дар шаҳри Хоруғ 22 адад силоҳи оташфишон ихтиёран супорида шудааст, ки 12 адад таппончаи тамғаи «Макаров», 8 адад силоҳи оташфишони тамғаи «АКМ», 1 адад пулемёт ва 1 адад карабини тамғаи СКС-7,62мм мебошад.

Гуфта мешавад, ситоди байниидоравии ҷумҳуриявии таъмини амният оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва бехатарии ҷамъиятӣ баъди амалигардонии чорабиниҳо дар шаҳри Душанбе аз 16 август то 8 сентябр дар ВМКБ тадбирҳои мушаххас андешида, як қатор чорабиниҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

“Дар рафти гузаронидани чорабиниҳо аз тарафи гурӯҳи корӣ 537 далели вайронкуниҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 66 ҳолат бо шишаҳои ғайриқонунӣ сиёҳкардашуда, 20 ҳолат бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 12 ҳолат бо рақамҳои бегона, 12 ҳолат итоат накардан ба талаботи қонунии корманди БДА, 7 ҳолат бе рақамҳои қайди давлатӣ, 2 далел дар ҳолати мастӣ, 1 ҳолат бо рақамҳои қалбакӣ ва 417 ҳолат дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор гардиданд”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки ғайр аз ин, ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Хоруғ, инчунин бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини рафту омади бемамонияти сокинон терминалҳое, ки дар назди бозорҳо ва марказҳои савдо қарор доштанд, ба ҷойҳои муайяни беруназшаҳрӣ кӯчонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.