Эмомалӣ Раҳмон президенти тозаинтихоби Покистонро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ ба муносибати интихоб шуданаш ба ин мансаби олӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо Покистон қаноатманд буда, ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ ба муносибати интихоб шуданаш ба ин мансаби олӣ барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия зикр мегардад, ки Тоҷикистон аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо Покистон қаноатманд буда, ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорад.

“Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд”, – омадааст дар барқия.

Ориф Раҳмон Алвӣ номзад аз ҳизби ҳокими “Таҳрик-и-Инсоф” буда, санаи 4 сентябр президенти 13-уми Покистон интихоб шуд. Барои мансаби президентӣ ба ҷуз ӯ, ҳамчунин намояндаи Ҳизби мардумии Покистон Аитзаз Аҳсан ва номзад аз якчанд иттиҳодияҳои мухолифин Маулан Фазл-ур-Раҳмон низ рақобат карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.