Мақомсароёни тоҷик Шаҳрисабзи Ӯзбекистонро тасхир карданд

Форуми байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон рӯзҳои 6-10 сентябр бо ташаббуси президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар шаҳри Шаҳрисабз доир гардид. Академияи мақоми Тоҷикистон ба дарёфти Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон ва 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ шарафёб гардид. Дар форуми Шаҳрисабз Тоҷикистонро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова, мақомсароёни маъруфи ҷумҳурӣ […]

Форуми байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон рӯзҳои 6-10 сентябр бо ташаббуси президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев таҳти сарпарастии ЮНЕСКО дар шаҳри Шаҳрисабз доир гардид.

Академияи мақоми Тоҷикистон ба дарёфти Шоҳҷоизаи Форуми байналмилалии санъати мақом дар Ӯзбекистон ва 15 ҳазор доллар мукофотпулӣ шарафёб гардид.

Дар форуми Шаҳрисабз Тоҷикистонро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Озодахон Ашӯрова, мақомсароёни маъруфи ҷумҳурӣ Насиба Омумбаева, Тоҳирҷон Ҷӯраев, Сироҷиддин Ҷӯраев, Мурод Ҷумъаев, Ҷамшед Эргашев, Хуршед Иброҳимов, Камолиддин Ҳамдамов намояндагӣ карданд.

Форуми мазкур бо мақсади эмин нигаҳдории мусиқии анъанавӣ, пешбурди муколамаи фарҳангӣ, рушди гуногуншаклӣ тавассути дастгирии эчодкорӣ гузаронида мешавад.

Дар форум намояндагони 73 кишвар ширкат варзиданд. Ба Шаҳрисабз 162 нафар иҷрокунандагони мақоми классикӣ аз 29 кишвар омада, рӯйдодҳои чорабиниро рӯзноманигорони 30 кишвари дунё инъикос намуданд.

Ҳамчунин дар доираи кори форум бо иштироки намояндагони 20 кишвари ҷаҳон дар мавзӯи “Санъати мусиқии мақом ва мавқеи он дар тамаддуни ҷаҳонӣ” конфронси илмиву амалӣ доир гардид.

Қобили зикр аст, ки Академияи мақоми Тоҷикистон дар ҷашнвораҳои зиёди байнулмилалӣ ширкат варзида, санъати мақомсароиро дар бисёре аз кшварҳои саросари дунё, аз ҷумла давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Русия, Аврупо, ИМА ва дигар кишварҳои Шарқ, аз қабили Ҳиндустон, Покистон, Туркия, Эрон ва Чин муаррифӣ кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.