Манбаъ: Дар Тоҷикистон авф эълон мешавад

Дар бораи омода шудани эълони авф дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар дод: шояд ба истилоҳ маҳбусони сиёсӣ низ ба озодӣ бароянд. Дар бораи афви 182 нафар санад омода мешавад. Рӯйхат дар Вазорати адлия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дорад. “То ҷое ман огаҳӣ дорам, чанде аз шахсони маъруф, ки […]

Дар бораи омода шудани эълони авф дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар дод: шояд ба истилоҳ маҳбусони сиёсӣ низ ба озодӣ бароянд.

Дар бораи афви 182 нафар санад омода мешавад. Рӯйхат дар Вазорати адлия ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дорад.

“То ҷое ман огаҳӣ дорам, чанде аз шахсони маъруф, ки аз онҳо маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд, низ метавонанд озод шаванд”, – иброз дошт манбаъ.

Манбаъ дар бораи ба кадом муносибат эълон шудани авф маълумот надод.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Ваколатдор оид ба ҳуқуқуи инсон Сайёд Раҳимов хабар дод, ки Дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ нестанд.

“Шахсонеро, ки аз онҳо маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд, бо моддаҳои мушаххас ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”, – изҳор дошт номбурда.

Дар ин хусус қаблан худи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода низ чандин маротиба изҳори назар карда буд:

“Дар қонунгузории Тоҷикистон умуман аз рӯи ангезаҳои сиёсӣ ҷазо пешбинӣ нашудааст, чунин ҷазо дар кишвари мо умуман ҷой надорад”.

Рӯзи 10 сентябр дар сомонаи АИ “Фергана” дар бораи он маълумот нашр шуд, ки сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, муовини директори Марказии тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сафар Сафаров дар Варшава изҳор намудааст, ки ояндаи наздик маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон озод карда мешаванд. Хабаргузорӣ ба пешвои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ истинод меоварад, ки бо ин агентӣ мусоҳиба анҷом додааст.

Ба гуфтаи ӯ, менависад хабаргузорӣ, дар доираи чорабиниҳои машварати ҳамасолаи САҲА дар Варшава оид ба ҳуқуқи башар гӯё худи Сафаров инро ба ӯ гуфтааст.

“Ҷаноби Сафаров изҳор намуд, ки ҳамаи маҳбусони сиёсӣ оянда озод карда мешаванд. Ӯ ҳатто шумора – 183 нафарро гуфт ва номҳои Зайд Саидов, Маҳмадалии Ҳайит ва дигар мухолифин, аъзои ҳизби мо, фаъолон ва муовинони маро хотиррасон намуд”, – овардааст гуфтаҳои Кабириро “Фергана”.

Ба “Азия-Плюс” алҳол бо Сайфулло Сафаров ҷиҳати тасдиқ ё инкори ин маълумот тамос гирифтан муяссар нашуд. Аммо як манбаъи мо дар ҳукумати хабар дод, ки чунин гуфтугӯ шудааст: “Кабирӣ худаш назди Сайфулло Сафаров омада, дар бори маҳбусон ба баҳс оғоз намуд ва Сафаров посух дод, ки оянда онҳо озод карда мешаванд”.

Сафаров: «Мо барои ҳисобу китоб бо мухолифин наомадаем»

Дар ҳамин ҳол, дар Youtube навори видео бо суханронии Сайфулло Сафаров дар конфроси САҲА дар Варшава нашр шуд, ки дар он ӯ аз ҷумала доир ба ҳузури намояндагони ҲНИ дар ин ҷорабинӣ изҳори назар кардааст.

“Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА ба иҷрои ухдадориҳое, ки ҳарду ҷониб ба зимма гирифтаанд, ҳуқуқи комил дорад. Аз ин рӯ, бигзор мухолифини мо дар ин бора каме сари андеша раванд. Намедонам бихандам ё бигирям, беҳтараш табассум мекунам, вале мухолифон дар инҷо дар бораи асли воқеа бисёр бесаводона ҳарф заданд”, – изҳор дошт Сайфулло Сафаров.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар Тоҷикистон ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, қонунҳои марбут ба ҳуқуқи башар ва ҷараёни баргузории интихобот такмил дода шуданд.

https://www.youtube.com/watch?v=MpKHe3Ic3U0

“Лекин мутаасифона ё хушбахтона, дар интихоботи охир мардум ба ҷонибдории ду ҳизби дорои хусусияти тоталитарӣ раъй надоданд. Ин Ҳизби нахзати ислом, ки баъдан ба созмони террористӣ табдил ёфт ва Ҳизби коммунист мебошанд. Лекин коммунистҳо алҳол кору зиндагӣ доранд, ҳеҷ касе муқобили онҳо чизе намегӯяд, зеро зидди аҳолии мо иғвогариҷӯиҳо накардаанд”, – қайд кард Сафаров.

Дар хотима ӯ изор дошт: ”Мо барои ҳисобу китоб бо мухолифини худ наомадаем, балки барои он омадем, ки дар бораи мавқеи худ, ки дар муборизаи муштарак бо терроризм ва ифротгароӣ ифода меёбад, изҳори назар намоем. Талошҳои шуморо бобати ба ватан баргардонидани шаҳрвандон мо ҳамчун таъмини ҳуқуқҳои онҳо баррасӣ мекунем, чунки аксари онҳо раҳгум задаанд, ҷавонанд ва бисёре намедонад, ки ин ҳизб (ҲНИ – эзоҳи идора) чӣ созмонест”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.