Ифтитоҳи сутунпояи 30-метраи Парчами миллӣ дар Дарвоз

Дар идомаи сафари корӣ ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон аз ноҳияи Ванҷ ба ноҳияи Дарвоз ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст ва дорои 14 ҳуҷраи […]

Дар идомаи сафари корӣ ба ВМКБ Президенти Тоҷикистон аз ноҳияи Ванҷ ба ноҳияи Дарвоз ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷо нахуст бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки аз 3 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир сохта шудааст ва дорои 14 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо фарогии 110 ҷойи нишаст, меҳмонхона бо 7 ҷойи хоб ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Сипас бо иштироки Президенти мамлакат бинои Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз мавриди истифода қарор гирифт, ки сеошёна буда, аз 39 ҳуҷраи корӣ, як хонаи машваратӣ бо 39 ҷойи нишаст ва толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Баъдан дар маркази ноҳияи Дарвоз Эмомалӣ Раҳмон сутунпояи Парчами миллӣ ва Нишони давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ кард. Парчами Тоҷикистон дар маркази ноҳия бо баландии 30 метр қомат афрохта, 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Баландии Нишони давлатӣ, ки дар паҳлуи Парчам сохта шудааст, 15 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар назди Нишон ва Парчами давлатӣ тоҷ бо паҳноии 12 ва дарозии 14 метр сохта шудааст.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Дарвози ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки бунёди майдони Парчами давлатӣ, ки бо риояи санъати баланди меъмории муосир амалӣ гардидааст, туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони ноҳияи Дарвоз ба ифтихори ҷашни истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.