Медалҳои тиллои таэквондочиёни тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиё

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WT) дар аввалин Чемпионати кушоди Осиё сазовори 8 медал гардид. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, аввалин Чемпионати кушоди Осиё оид ба таэквондо 7-9 сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуда, варзишгарони тоҷик миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 2 медали […]

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо (WT) дар аввалин Чемпионати кушоди Осиё сазовори 8 медал гардид.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, аввалин Чемпионати кушоди Осиё оид ба таэквондо 7-9 сентябр дар шаҳри Атирауи Қазоқистон баргузор шуда, варзишгарони тоҷик миёни наврасон ва ҷавонон сазовори 2 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ гардиданд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар зери роҳбарии мураббиён Исломиддин Фозилов, Зафар Тошматов ва роҳбари даста Фирӯз Файзиев ба мусобиқа сафарбар гардида буданд.

“Миёни ҷавонон Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кг, Амал Ибрагимов дар вазни 59 кг сазовори медали тилло шуданд. Медалҳои нуқраро Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кг, Муҳаммадҳусайн Шомаҳмадов дар вазни 51 кг миёни ҷавонон ва Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кг миёни наврасон сазовор гаштанд. Медалҳои биринҷиро Насиба Давлатова дар вазни 46 кг, Лутфулло Алиҷон дар вазни 63 кг миёни ҷавонон ва Асланбек Фозилов дар вазни 57 кг миёни наврасон ба даст оварданд”, – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар Чемпионати кушоди Осиё наздики 400 варзишгар аз 15 давлати қора иштирок карданд.

Ба иттилои Ҷаҳонзеб Қармишев, раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон, барои ҳакамӣ ба мусобиқаи мазкур ду нафар довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Вафоназар Алиназаров ва Ошурмуҳаммад Ошуров даъват шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.