Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Идомаи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон; – Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон як силсила машғулиятҳо ҷиҳати кумак ба ҳунармандону косибонро баҳри равнақи тиҷорати онҳо оғоз мекунад. Машғулияти аввал дар Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (маҷмааи Наврӯзгоҳ) соати 16:00 шурӯъ мешавад. Иштирок дар машғулиятҳо ройгон аст. Барои сабт метавонед бо телефони +992 907745000 […]

АНОНС

– Идомаи сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

– Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон як силсила машғулиятҳо ҷиҳати кумак ба ҳунармандону косибонро баҳри равнақи тиҷорати онҳо оғоз мекунад. Машғулияти аввал дар Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон (маҷмааи Наврӯзгоҳ) соати 16:00 шурӯъ мешавад. Иштирок дар машғулиятҳо ройгон аст. Барои сабт метавонед бо телефони +992 907745000 занг занед;

– Дар Чолпон Ота ҷаласаи Кумитаи роҳбарони воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Шӯрои роҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои узви ИДМ доир мегардад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4215 сомонӣ;

1 евро – 10.9167 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1342 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1933 — Ифтитоҳи канали обёрии Вахш.

1992 – Ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ситораи тилоии Алберт Швейтсар тақдим гардид.

2000 – Дар Истаравшан корхонаи муштараки «Оби Зулол» оид ба истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан кушода шуд.

1927-2002 – Зодрӯзи нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон Мутеулло Наҷмиддинов.

1932 – Мавлуди олими адабиётшинос Саъдулло Асадуллоев.

1933 – Зодрӯзи олими фолклоршинос, доктори улуми филологӣ Додоҷон Обидов.

1934 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саломатшо Шоназриев.

1941 – Зодрӯзи асосгузори филмҳои тасвирии тоҷикӣ коргардон Мунаввар Мансурхоҷаев.

1947 — Мавлуди Гулафзо Садриддинова, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон.

1955 – Зодрӯзи журналист Давлатқадам Хушқадамов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +26+31; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +20+25.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +31+36; дар доманакӯҳҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +25+30; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +13+18.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.