Боздиди Лукашенко ва Мирзиёев аз ТАЛКО. Таъмири биноҳои сари роҳи Душанбе – Турсунзода

Сарони кишварҳои Беларус Александр Лукашенко ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе, ки рӯзҳои 27-28 сентябр пешбинӣ шудааст, аз шаҳри металлургҳои тоҷик – Турсунзода боздид мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Дар ин шаҳр шиносоии наздики сарони кишварҳои Беларус ва Ӯзбекистон бо […]

Сарони кишварҳои Беларус Александр Лукашенко ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи иштирок дар кори нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе, ки рӯзҳои 27-28 сентябр пешбинӣ шудааст, аз шаҳри металлургҳои тоҷик – Турсунзода боздид мекунанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Дар ин шаҳр шиносоии наздики сарони кишварҳои Беларус ва Ӯзбекистон бо фаъолияти корхонаи “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) дар назар аст.

Ғайр аз ин, Лукашенко ва Мирзиёев ба хоҷагиҳои деҳқонии Камол Ҳоҷӣ Мадумаров ва Неъмат Ҳоҷӣ Усмонов низ ташриф меоранд, ки ин хоҷагиҳо дар ҷумҳурӣ ҳамчун хоҷагиҳои асили ангурпарвар маъруфанд.

Дар ҳамин ҳол, ба ин муносибат намо (фасад)-и хонаҳои баландошёнаи сари роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода имрӯзҳо таъҷилан таъмиру навсозӣ мешаванд.

Аз мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҷониби аҳолӣ ва буҷети шаҳр ба ин корҳо сарфи ягон маблағе пешбинӣ нашудааст.

“Бо дархости ҳукуматдорони пойтахт намои хонаҳо аз ҳисоби ширкатҳои сохтмонии машғул ба бунёди манзилҳои баландошёна дар Душанбе таъмиру навсозӣ мешавад”, – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.