Дар Кӯлоб интиқоли барқро қатъ мекунанд. Камобии Норак ба Роғун вобаста аст?

Сокинони минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки аз 19 сентябр интиқоли барқ ба онҳо қатъ мешавад. Дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ субҳ аз соати 5 то 8 ва шом аз соати 17 то 24 барқ дода мешавад. Мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ин маҳдудияти реҷаи интиқоли барқ (лимит) набуда, ба корҳои таъмиру навсозӣ вобаста мебошад. […]

Сокинони минтақаи Кӯлоб шикоят доранд, ки аз 19 сентябр интиқоли барқ ба онҳо қатъ мешавад. Дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ ва Восеъ субҳ аз соати 5 то 8 ва шом аз соати 17 то 24 барқ дода мешавад. Мутахассисони ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ин маҳдудияти реҷаи интиқоли барқ (лимит) набуда, ба корҳои таъмиру навсозӣ вобаста мебошад.

Аммо мутахассисони холдинг дар маҳалҳо изҳор мекунанд, ки оби Норакро сарфа мекунанд: он ҷо маҷро хеле паст аст, чунки оби дарёи Вахш барои пур крадани обанбораи Норак меравад.

Зариф Табаров, муовини сардори ҶДММ “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” маълумоти ҷорӣ шудани реҷаи маҳдуди интиқоли барқро дар минтақа рад кард.

“Мо аз раҳбарияти “Барқи тоҷик” шифоҳӣ дастур гирифтем, ки интиқоли барқро аз рӯи соат қатъ намоем. Ин ба кам ворид шудани об ба обанбори Норак марбут аст. Ба наздикӣ мавриди истифод қарор гирифтани агрегати якуми нерӯгоҳи Роғун дар назар аст, аз ин рӯ, қисмате аз об дар обанбори Роғун мемонад ва маҷрои воридшавии об ба обанбори Норак паст шуд”, – қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи мутахассис, агар ҳозир вазъи обанбори Норак дастгириву нигаҳдорӣ нашавад, зимистон мушкилиҳо рӯйи кор омада метавонанд. “Чунин камобӣ дар Норак маҳз дар моҳи сентябр пештар ба мушоҳида нарасида буд”, – таъкид дошт Табаров.

“Барқи тоҷик” ба зимистон омодагӣ мегирад

Дар ширкати “Барқи тоҷик” сабабҳои дигари қатъи интиқоли барқро дар минтақаи Кӯлоб номбар мекунанд.

Муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик”, директори иҷроияи департаменти “Шабакаҳои тақсими барқ” Мавҷуда Холиқзода ба “Азия-Плюс”иттилоъ дод, ки  дар робита ба баргузории корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақша ҷиҳати омодагӣ ба мавсими зимистон, дар ҳамаи ноҳияҳои кишвар интиқоли нерӯи барқ муваққатан қатъ шуда метавонад, “лекин дар ин хусус шабакаҳои маҳаллӣ пешакӣ аҳолиро огоҳ мекунанд ва ширкат ният надорад, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқро ҷорӣ намояд”.

Ба қавли ӯ, корхонаву муассисаҳои ширкати “Барқи тоҷик” айни замон ба таъмири хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои иқтидорашон гуногун ва дигар дастгоҳу таҷҳизот машғуланд, то ки дар мавсими тирамоҳу зимистон кори боэътимоди шабакаҳо ва интиқоли мунтазами барқро ба аҳолӣ таъмин кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон бесаброна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғунро интизоранд. Тибқи маълумот дар лавҳаи сомонаи нерӯгоҳ, то он маросим 56 рӯз боқӣ мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.