«Азия-Плюс» таҳти унвони «Салом» барои сайёҳон роҳнамо нашр кард

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Салом” нахустин дар Тоҷикистон роҳнамои муҷалло ба нашр расонид. Роҳнамо-маълумотнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки ба сифати меҳмону сайёҳ ё барои кору истироҳат ба Душанбе меоянд. Дар он доир ба меҳмонхона ва тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳр, ки дар он ҷо метавон ҳам аз хӯроки миллӣ ва ҳам аз таъомҳои дигар халқҳои […]

Таҳмина Охонвалиева, Asia-Plus

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” таҳти унвони “Салом” нахустин дар Тоҷикистон роҳнамои муҷалло ба нашр расонид.

Роҳнамо-маълумотнома барои касоне пешбинӣ шудааст, ки ба сифати меҳмону сайёҳ ё барои кору истироҳат ба Душанбе меоянд.

Дар он доир ба меҳмонхона ва тарабхонаву қаҳвахонаҳои шаҳр, ки дар он ҷо метавон ҳам аз хӯроки миллӣ ва ҳам аз таъомҳои дигар халқҳои ҷаҳон истеъмол намуд, маълумоти муфассал ва муфид гирдоварӣ шудааст.

Ҳамчунин дар роҳнамо-маълумотнома суроғаи осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳату фароғати воқеъ дар наздик ва гирду атрофи шаҳри Душанбе зикр шудааст.

Ба хоҳишмандони сайру саёҳат дар Тоҷикистон суроға ва рақами телефонҳои терминалҳои нақлиётӣ ва хадамоти такси, ширкатҳои сайёҳӣ (туризми дохилӣ) ва хадамоти ёрии таъҷилӣ пешниҳод мешавад.

Дар баробари ин дар раҳнамо дарёфти маълумот доир ба макони ҷойгиршавии ташкилотҳои гуногун ва сафоратхонаҳо бо рақамҳои телефон ва суроғаи электронӣ имконпазир мебошад.

Барои сайёҳони нисбатан кампул дар раҳнамо суроғаҳо ва рақами телефонҳои меҳмонсаройҳо ва хостелҳо зикр мешавад.

Ғайр аз ин, дар он доир ба замимаи махсус барои сайёҳон аз ширкати мобилии Tcell – бастаи «Welcome» маълумот дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.