Рустами Эмомалӣ ба шинонидани 6 млн. бех дарахту бутта ва гул дар пойтахт дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр дастур дод, ки дар мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2018-2019 дар пойтахт ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонанд. Мувофиқи қарори раиси пойтахт, тирамоҳи соли ҷорӣ ва баҳори соли 2019 дар Душанбе дар маҷмӯъ беш аз 6 млн. бех нишли дарахтону бутта ва гулҳо шинонида мешаванд. […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаву ташкилотҳои шаҳр дастур дод, ки дар мавсими тирамоҳу баҳори солҳои 2018-2019 дар пойтахт ниҳолҳои дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсола шинонанд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, тирамоҳи соли ҷорӣ ва баҳори соли 2019 дар Душанбе дар маҷмӯъ беш аз 6 млн. бех нишли дарахтону бутта ва гулҳо шинонида мешаванд.

Танҳо дар боғҳои фарҳангу фароғат ва истироҳаи шаҳри Душанбе зиёда аз 1,5 млн. бех ниҳолҳои дарахтону буттаҳои гуногун шинонида мешаванд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар қарор гуфта мешавад, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар гирду атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2018 ва баҳори 2019 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Зикр мегардад, ки ба раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи он ҳар моҳ ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.