Интиқоли гармӣ ба бинову иншооти пойтахт оғоз ёфт

Ибтидо аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе зина ба зина оғоз ёфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ШСХК “Барқи тоҷик”, алҳол 816 бинову иншооти дар ноҳияи Сино ва Исмоили Сомонӣ воқеъ гардида, гармӣ гирифта истодаанд. Корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ ба дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома […]

Ибтидо аз нимаи дуюми моҳи октябри соли 2018 интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе зина ба зина оғоз ёфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ШСХК “Барқи тоҷик”, алҳол 816 бинову иншооти дар ноҳияи Сино ва Исмоили Сомонӣ воқеъ гардида, гармӣ гирифта истодаанд. Корҳои омодагӣ ба интиқоли гармӣ ба дигар бинову иншооти шаҳри Душанбе идома доранд. Имсол аз рӯи нақшаи техникӣ бояд 1800 бинову иншооти пойтахт бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, барои кори пурсамари Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе соли ҷорӣ аз конҳои маҳаллӣ зиёда аз 746 000 тонна ангишт кашонда, захира карда шудааст. Кашондану захира намудани ангишт идома дорад.

Зикр мегардад, ки Маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе бошад, бо шарофати гарм шудани муносибатҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, имсол бо истифода аз газ кор карда истодааст.

Дар баробари ин, нерӯгоҳҳои барқу гармии пойтахт ҳар шабонарӯз зиёда аз 8,5 миллион киловатт нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Баъди пурра истифода бурдани Марказҳои барқу гармидиҳӣ миқдори истеҳсоли нерӯи барқ ва гармӣ низ меафзояд.

Дар баробари ин, дар системаи энергетикӣ охирин корҳои таъмирӣ-профилактикии дастгоҳҳои азим идома доранд. Вобаста ба ин зарурат пеш омадааст, ки дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ интиқоли барқ зина ба зина қатъ мегардад. Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир муваққатӣ буда, барои хубтар бо барқ таъмин намудани муштариён дар давраи зимистон роҳандозӣ мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.