Оғози Ҷашнвораи театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе VI-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба кор шурӯъ намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Фестивали мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги и Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории Тоҷикистон ташкил гардида, дар он театрҳои лӯхтак аз Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Қирғизистон, Украина ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. […]

Дар шаҳри Душанбе VI-умин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Фестивали мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги и Тоҷикистон ва дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкории Тоҷикистон ташкил гардида, дар он театрҳои лӯхтак аз Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркманистон, Қирғизистон, Украина ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Дар ин ҷашнвора ҳамчунин се театри лӯхтаки Тоҷикистон – аз Душанбе, Бохтар ва Бӯстон низ намоишномаҳои худро пешкаш мекунанд.

Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе спектакл аз рӯи асари Антуан де Сент-Экзюпери “Маленький принц” (Шоҳзодаи хурдсод)-ро намоиш медиҳад.

Фестивал то 26 октябр идома ёфта, мувофиқи барномаи он, театрҳо як спектакл дар доираи фестивал ва як спектакл дар доираи барномаи тиҷоратӣ намоиш медиҳанд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори фестивал баргузории намоишномаҳо, мастер-классҳо (машғулиятҳо), конфронсҳо ва вохӯриҳо дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.