Ҳамлаи мусаллаҳона ба тоҷикистонӣ дар Санкт-Петербург

Дар шаҳри Санкт-Петербург се нафар шахсони номаълум ба шаҳрванди Тоҷикистон дарафтода ӯро бо силоҳи травматикӣ (ҷароҳатдеҳ) захмӣ карданд: тоҷикистонии 23-сола дар бемористон бистарӣ шуд. Ҳамла соати яки шаби 22 октябр назди истгоҳи метрои “Площадь Мужества» сурат мегирад. Се шахси номаълум аз шаҳрванди Тоҷикистон оташафрӯзак (зажигалка) пурсида, сипас ба латукӯби ӯ оғоз мекунад. Яке аз онҳо […]

Дар шаҳри Санкт-Петербург се нафар шахсони номаълум ба шаҳрванди Тоҷикистон дарафтода ӯро бо силоҳи травматикӣ (ҷароҳатдеҳ) захмӣ карданд: тоҷикистонии 23-сола дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҳамла соати яки шаби 22 октябр назди истгоҳи метрои “Площадь Мужества» сурат мегирад. Се шахси номаълум аз шаҳрванди Тоҷикистон оташафрӯзак (зажигалка) пурсида, сипас ба латукӯби ӯ оғоз мекунад. Яке аз онҳо ба қафаси синаи ӯ бо силоҳи травматикӣ тир мепарронад, хабар медиҳад “Фонтанка”.

Ба ҷабрдида муяссар мешавад, ки мустақилона наздики 4 километр масофаро тай намуда, ба бемористон барои кумак муроҷиат кунад. Дар бемористон ӯро ҷарроҳӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти neva.today, аз рӯи ин далел санҷиш оғоз гардидааст. Маълум шудааст, ки тоҷикистонии ҷабрдида қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур дошта, дар Петербург қайди муваққатӣ дорад. Мақомоти пулис айни замон ҳамлагаронро ҷустуҷӯ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.