“Олами кӯдакон”-и қадимаву ба дилҳо наздики мо

Дар Душанбе боз як порае аз таърихи умумии мо – бинои собиқ фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” (Детский мир”) ва солҳои охир мағозаи “Олами китоб” (Книжный мир) аз байн бурда мешавад. Мо барои шумо маҷмӯаи суратҳои кӯҳна дар бораи ҷӣ гуна сохта шудан ва намуди пештараи онро таҳия намудем. Фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” дар майдони ба номи Айнии […]

Ғафур Шерматов, махсус барои asia+

Дар Душанбе боз як порае аз таърихи умумии мо – бинои собиқ фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” (Детский мир”) ва солҳои охир мағозаи “Олами китоб” (Книжный мир) аз байн бурда мешавад. Мо барои шумо маҷмӯаи суратҳои кӯҳна дар бораи ҷӣ гуна сохта шудан ва намуди пештараи онро таҳия намудем.

Фурӯшгоҳи “Олами кӯдакон” дар майдони ба номи Айнии шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 1957 ифтитоҳ гардид. Бинокорон сохтмони ин биноро дар муҳлати рекордии ду сол ба муносибати 40-солагии Инқилоби Октябр ба итмом расонида, ин фурӯшгоҳи бузаргтарин барои кӯдакон дар пойтахти Тоҷикистон маҳсуб меёфт.

Лекин чун аксари биноҳои шӯравӣ дар пойтахти мо ин бино ҳам дарозумр намешавад. Барои чанд насли душанбегиҳо кӯчонидани яке аз биноҳои хотиравии шаҳри мо талафоти калон мешавад.

Расо 61 сол пеш, соли 1957 дар матбуоти шаҳр суратҳо ба муносибати рӯзҳои аввали кори фурӯшгоҳ нашр шуда буданд, ки дар зер манзуратон мегардонем.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.