ИМА ва Тоҷикистон афзалиятҳои ҳамкориро муайян мекунанд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 октябр муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пумаро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар […]

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22 октябр муовини Ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Эмилиа Пумаро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки ёвари Котиби давлатии ИМА ҷиҳати иштирок дар машваратҳои ҳафтуми дуҷонибаи байни ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА ба Душанбе ташриф овард, ки имрӯз дар Душанбе ба кор оғоз мекунад.

Дар машваратҳо аз ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар соли равон натиҷагирӣ шуда, дурнамои ҳамкориҳои минбаъда муайян карда мешаванд.

Роҳбари ҳайати ИМА хонум Эмилиа Пума ҳамроҳ бо Кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамтоёни тоҷики худ ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар вохӯрӣ баррасии масоили ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ифротгароии зӯроварона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва рушди иқтисод дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.