Қайиқрони тоҷик ба дарёфти медали тиллои Чемпионати Осиё шарафёб гардид

Дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қайиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон […]

Дар чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола варзишгарони Тоҷикистон сазовори ду медал гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қайиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Ӯзбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Гуфта мешавад, Шаҳриёр Даминов, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қайиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 300 нафар варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, то 25 октябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.