Шахсияти тоҷикистониёни фавтида дар таркиши як корхона дар Питер муайян шуд

Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари таркиши рӯзи 19 октябр дар корхонаи пиротехникии “Авангард” дар вилояти Ленинград ба ҳалокат расиданд, муайян шуд. Фавтидагон – Аҳлидин Акрамҷонович Расулов, с/т 04.04.1996, зодаи шаҳри Ваҳдат, Осифони Ҷумъа, с/т 29.06.1996, зодаи ноҳияи Тавилдара ва Комилҷон Раҳмонович Маҳмадалиев, с/т 22.06.1970, зодаи шаҳри Леваканд (собиқ Калининабад) мебошанд, хабар дод ба […]

Ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бар асари таркиши рӯзи 19 октябр дар корхонаи пиротехникии “Авангард” дар вилояти Ленинград ба ҳалокат расиданд, муайян шуд.

Фавтидагон – Аҳлидин Акрамҷонович Расулов, с/т 04.04.1996, зодаи шаҳри Ваҳдат, Осифони Ҷумъа, с/т 29.06.1996, зодаи ноҳияи Тавилдара ва Комилҷон Раҳмонович Маҳмадалиев, с/т 22.06.1970, зодаи шаҳри Леваканд (собиқ Калининабад) мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Россия оид ба муҳоҷират Иброҳим Аҳмадов.

Бино ба иттилои ӯ, намояндагии мазкур ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Санкт-Петербург ҷиҳати ҳарчӣ зудтар ба ватан интиқол додани ҷасадҳои фавтидагон ба назикони онҳо ҳамаҷониба кумаку мусоидат мекунанд.

Рӯзи 19 октябр дар корхонаи истеҳсоли маснӯоти пиротехникӣ (оташбозӣ) дар ноҳияи Гатчинаи вилояти Ленинград таркиш рух дода, бар асари он 4 нафар ҳалок ва 11 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Аз рӯи ин далел Кумиаи тафтишот мутобиқи моддаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ҷараёни тафтиши ҳолатҳои рух додани таркиш директори корхона боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Россия, директори корхона ба гумони ба таври бояду шояд назорат накардани ташкили ҷараёни корӣ муфассал бозпурсӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.