Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – ИМА ва Тоҷикистон машваратҳои ҳамасолаи дуҷониба баргузор мекунанд; Дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба футбол (U-19) дар Индонезия дастаи мунтахаби футболи чавонони Тоҷикистон бо тими Малайзия бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе; – Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи суратҳо бахшида ба Рӯзи байнулмилалии аз байн бурдани камбизоатӣ ба кор шурӯъ […]

АНОНС

– ИМА ва Тоҷикистон машваратҳои ҳамасолаи дуҷониба баргузор мекунанд;

Дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба футбол (U-19) дар Индонезия дастаи мунтахаби футболи чавонони Тоҷикистон бо тими Малайзия бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе;

– Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи суратҳо бахшида ба Рӯзи байнулмилалии аз байн бурдани камбизоатӣ ба кор шурӯъ мекунад;

– Дар Театри лӯхтаки Тоҷикистон Фестивали байнулмилалии театрҳои лӯхтаки “Чодари хаёл” идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.4229 сомонӣ;

1 евро – 10.8194 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1442 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2010 — Дар Суғд ба хотираи ёдбуди нахустин омӯзгорони рус, ки замони барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ ба Хуҷанд барои маҳви бесаводӣ омада буданд, муҷассама ифтитоҳ гардид.

1956 – Зодрӯзи собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Руқия Қурбонова.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +17+22; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24.

Дар ВМКБ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона +13+18; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона -1+4.

Дар НТМ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона +13+18.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +19+21.

Дар шаҳри Бохтар — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +25+27.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +14+16.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.