Ҳалокати ду тоҷикистонӣ бар асари садамаи нақлиёт дар Чехово

Бар асари садамаи нақлиёт, ки санаи 2 ноябр каме дуртар аз шаҳри Маскав дар Чехово рух дод, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад портали Чехов-Вид.ру. Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи ВАЗ-2114 бо се нафар мусофир аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд, ки аз он самт мошини […]

Бар асари садамаи нақлиёт, ки санаи 2 ноябр каме дуртар аз шаҳри Маскав дар Чехово рух дод, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад портали Чехов-Вид.ру.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи ВАЗ-2114 бо се нафар мусофир аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд, ки аз он самт мошини боркаши начандон бузургҳаҷми Mitsubishi Fuso ҳаракат доштааст.

«Бархӯрд то он дараҷа сахт сурат гирифтааст, ки автомашинаи сабукрави ВАЗ хеле зиёд фурӯ рафта, паҷақ шудааст. Автомашинаи боркаш низ якпаҳлӯ чаппа шудааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, аз мусофирони автомашинаи сабукрав ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ду тани дигар ҷароҳат бардошта, ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки аз фурудгоҳи “Домодедово” меомадаанд. Ҳалокшудагон Иброҳим Саидови 20-сола ва Саидбурҳон Самирови 43-сола мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони Сарнозироти БДА сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани садамаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.