Пагоҳ ҷашни Рӯзи Конститутсия ва истироҳат аст

Санаи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститусия ҷашн гирифта мешавад, ки мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат шуморида мешавад. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд. Дар […]

Амонулло Хайруллоев, Asia-Plus

Санаи 6 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Конститусия ҷашн гирифта мешавад, ки мувофиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи истироҳат шуморида мешавад.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҷашни 24-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати пойтахт чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ, консертҳои устодони санъат ва намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар пойтахт таҳти унвони “Конститутсия – сарчашмаи соҳибистиқлолии миллат ва пойдории давлати миллӣ” конференсияи илмӣ-назариявӣ барпо шуда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он аз ҳисоби фонди захиравии раиси пойтахт наздики 11 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳамчунин бо қарори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ба муносибати ин ҷашн байни хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мавзӯи “Конститутсияи Тоҷикистон дар тақдири насли ман” озмуни иншонависӣ гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.