Шаҳрдории пойтахт намои зоҳирии таксиҳоро якхела дидан мехоҳад

Мақомоти шаҳрдории Душанбе байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ озмуни кушод эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, озмун бо мақсади ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, […]

Asia-Plus

Мақомоти шаҳрдории Душанбе байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ барои таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ озмуни кушод эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, озмун бо мақсади ба низом даровардани раванди фаъолияти воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ, роҳандозӣ намудани онҳо бо намои зоҳирии якранга дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасонии нақлиётӣ гузаронида мешавад.

Ба Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ғолиби озмун маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷудо намояд. Озмуни муддати як моҳ идома ёфта, снаи 15 декабр ҷамъбаст мешавад.

Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ҷалби беҳтарин лоиҳаҳои намои зоҳирии воситаи нақлиёти автомобилии таксӣ тадбирҳо андешанд.

Дар ҳамин ҳол, дар хабар саҳеҳ маълумот дода намешавад, ки намои зоҳирии таксиҳои машғули кор таҳти тамғаи ин ё он хадамоти такси тағйир дода мешавад ё не.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.