Мусодираи қариб 100 тонна дорувории пастсифат дар 11 моҳ

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 127 тонна дорувории тиббии пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва ба ин монанд маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакон мусодира шуд. Ҳудуди 95 тонна аз ин ҳаҷми зикршударо доруворӣ ташкил медиҳад, ки муҳлати истифодаи 40 тоннаи он гузаштааст. Зимни суханронӣ рӯзи чорашанбеи ҳамин ҳафта дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири тандурустӣ […]

Тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 127 тонна дорувории тиббии пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва ба ин монанд маҳсулоти хӯрокворӣ барои кӯдакон мусодира шуд. Ҳудуди 95 тонна аз ин ҳаҷми зикршударо доруворӣ ташкил медиҳад, ки муҳлати истифодаи 40 тоннаи он гузаштааст.

Зимни суханронӣ рӯзи чорашанбеи ҳамин ҳафта дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Насим Олимзода дар ин робита изҳор намуд, ки аз оғози сол дар ин маврид 500 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, маблағи умумии ҷаримаҳо беш аз 1 млн. сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки воридоти ин гуна маҳсулот айни замон дар Тоҷикистон танҳо бо ҷарима муҷозот мешавад.

Аммо бо қарори президент, минбаъд ҷазо барои чунин амал сахттар шуда, маблағи ҷаримаҳо зиёд мешавад.

Ҷаримаҳои зиёд барои воридоти заҳр

Рӯзи чоршанбе вакилон тағйироту иловаҳои пешниҳодшударо аз ҷониби Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кодекс “Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” баррасӣ ва маъқул шумориданд, ки ба сангинтар шудани масъулият барои воридоти ғайриқонунӣ ва фурӯши дорувории тиббии пастсифат, ғайримеъёрӣ, муҳлаташ гузашта ва қалбакиву сохта, ҳамчунин ба ин монанд маҳсулоти ғизойӣ равона гардидаанд.

Мувофиқи тағйирот, барои чунин қонуншиканӣ шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 50 то 100 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 55 сомонӣ аз 1 январи соли 2019) ва шахсони мансабдор – аз 150 то 200 нишондиҳандаи ҳисоб ҷарима баста мешаванд.

Барои шахсони ҳуқуқӣ бошад, ҳаҷми ҷаримаҳо ба аз 500 то 700 нишондиҳандаи ҳисоб баробар аст.

“Дар сурати такрор шудани чунин қонуншиканӣ ҳаҷми ҷаримаҳо афзуда, барои шахсони воқеӣ – аз 100 то 200 нишондиҳандаи ҳисоб, барои мансабдорон – аз 300 то 500 нишондиҳанда ва шахсони ҳуқуқӣ – аз 700 то 1000 нишондиҳандаи ҳисобро ташкил медиҳанд.

“Имрӯз дар саросари дунё воридот ва фурӯши дорувории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта 12% аз ҳаҷми умумиро ташкил дода, пас аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва аслиҳа, ин сеюмин мушкилоти сартосарӣ (глобалӣ)-и ҷаҳони муосир аст”, – қайд кард вазир.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.