Тоҷикон ба доми фиреб афтода, аз “консул” шиносномаи давлати хаёлиро хариданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи марбут ба фурӯши шиносномаҳои давлати вуҷуднадоштаи ҷазиравии ASPI мавриди тафтиш қарор дорад. Ин тиҷорати сердаромадро шаҳрванди Русия, собиқ капитани шиноварии дурмасофа Валерий Суханов роҳандозӣ намудааст, хабар медиҳад РИА Новости. “Консули Ҷазираи озоди шоҳигарии ASPI мебошам. Дар ба даст овардани шаҳрвандӣ ва бақайдгирӣ кумак мекунам”, – навишта шудааст чунин матн дар варақаи […]

Дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи марбут ба фурӯши шиносномаҳои давлати вуҷуднадоштаи ҷазиравии ASPI мавриди тафтиш қарор дорад. Ин тиҷорати сердаромадро шаҳрванди Русия, собиқ капитани шиноварии дурмасофа Валерий Суханов роҳандозӣ намудааст, хабар медиҳад РИА Новости.

“Консули Ҷазираи озоди шоҳигарии ASPI мебошам. Дар ба даст овардани шаҳрвандӣ ва бақайдгирӣ кумак мекунам”, – навишта шудааст чунин матн дар варақаи маълумотнома (визитка)-и қаллоб, ки дар бозори Сеннийи Петербург тақсим мекардааст.

Суханов аз мизоҷони худ изи ангуштонашонро гирифта, барои онҳо ҳуҷҷат таҳия мекардааст. Гузашта аз ин, вақте барои “ҳамватанон”-аш дар мақомоти пулис ягон мушкилӣ пайдо мешудааст, ӯ барои ҳалли он ба шуъба меомадааст.

Ба ҷуз шиноснома, ба бастаи ҳуҷҷатҳо шаҳодатномаи ронандагии давлати ASPI низ дохил будааст. Барои ин ҳуҷҷатҳо ӯ пардохти 100 ҳазор рублро дархост мекардааст.

Гуфта мешавад, ба харидории чунин шиносномаҳо асосан зодагони Покистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон хоҳишманд будаанд. Айни замон 6 нафар харидорони ин ҳуҷҷатҳои сохта муайян карда шудаанд.

Консули қалбакӣ Валерий Суханов феълан таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист қарор дорад. Ӯ гуфтааст, “давлат”-аш дар саросари ҷаҳон аллакай 60 ҳазор нафар шаҳрванд дорад.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар саҳифаи шахсиаш дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”, Суханов макони таваллуди худро шаҳри Душанбе нишон дода, "ҷазира -кишвар"-и худро дар миёнаҳои Уқёнуси Атлантик нишон додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.