Ҷашни 15-солагии алоқаи боэътимоди “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд

“МегаФон Тоҷикистон” 15-солагии фаъолияти худро дар вилояти Хатлон ҷашн мегирад. Бахшида ба ин рӯйдод ширкат идораи нави “МегаФон Бизнес”-ро ифтитоҳ намуда, шабакаҳои 4G-ро дар шаҳрҳои сераҳолитарини вилоят роҳандозӣ кард. Бахшида ба ин рӯз инчунин нишасти хабарӣ доир карда шуда, зимни он роҳбарони раёсати минтақавии оператор оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ маълумот дода, аз нақшаҳои худ […]

Иттилоияи расмӣ

“МегаФон Тоҷикистон” 15-солагии фаъолияти худро дар вилояти Хатлон ҷашн мегирад. Бахшида ба ин рӯйдод ширкат идораи нави “МегаФон Бизнес”-ро ифтитоҳ намуда, шабакаҳои 4G-ро дар шаҳрҳои сераҳолитарини вилоят роҳандозӣ кард. Бахшида ба ин рӯз инчунин нишасти хабарӣ доир карда шуда, зимни он роҳбарони раёсати минтақавии оператор оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ маълумот дода, аз нақшаҳои худ барои оянда хотиррасон шуданд.

Роҳбари шуъбаи техникӣ, яке аз кормандони нахустини Раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир ЗАЙНИДДИНОВ, ки аллакай 13 сол дар ширкат фаъолият мебарад, ба намояндагони ВАО, блогерҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба таърихи инкишофи алоқаи мобилӣ маълумот расонид. Мавсуф инчунин аксҳои архивиеро, ки дар онҳо ҷараёни корандозии истгоҳи базавӣ дар моҳи августи соли 2004 инъикос гардидааст, нишон дод. Ҳадафи лоиҳаи мазкур баландбардории эътимоднокиву сифати алоқа, инчунин корандозии пайвастагиҳои байнишабакавӣ бо пойгоҳҳои шаҳрии телефонии Хуҷанд, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шумор мерафт. Пойгоҳи базавӣ бо мачтаи хусусии дорои баландии 27 метр дар боми бинои ҶСК “Тоҷиктелеком” насб гардида буд. Он замон мачтаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд аз ҳама баландтарин буд.

“Аз рӯзҳои нахустин мо медонистем, ки тӯли муддати  тӯлонӣ дар минтақа боқӣ хоҳем монд. Барои ҳамин мо бунёди шабакаро на танҳо дар маркази вилоят, балки инчунин дар навоҳие, ки он солҳо дар самти инкишофи алоқаи мобилӣ ғайрипешрафта ба ҳисоб мерафтанд, оғоз намудем. Ҳатто дар нуқтаҳои хурди аҳолинишин сокинон ба телеком-хизматрасониҳо дастрасӣ пайдо карданд. Чунин стратегияи инкишоф ба мо имкон дод, ки ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем”, – мегӯяд Ҷаҳонгир ЗАЙНИДДИНОВ.

Бо мурури вақт муштариён ба ғайр аз алоқаи “оддии” кандуӣ, ҳамчунин имкони истифодабарии интернети мобилиро ба даст оварданд. Дар ҳоли имрӯз “МегаФон Тоҷикистон” ҳамаи сокинони вилояти Суғдро бо он таъмин менамояд. Инкишофи пуршидати маъруфияти хизматрасонӣ ва афзоиши истифодабарандагони фаъол, ки онҳоро инчунин муштариёни рақамӣ ном мебаранд, ба бознигарии принсипҳое оварда расонид, ки “МегаФон” ҳангоми коркарди тарофаҳо онҳоро асоси амали худ қарор медод. “Бо назардошти тағйирёбии хоҳишу талаботи мизоҷон мо силсилаи “револютсионӣ”-и “Биё!”-ро ҷорӣ намудем. Тарофаи мазкурро ҳамаи онҳое, ки дар минтақаи мо ба шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” пайваст мешаванд, интихоб мекунанд», – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Далер НАИМОВ.

Роҳбари шуъбаи тиҷоратӣ Ҷамшед НИШОНБОЕВ ба меҳмонон бизнес-имкониятҳо ва хизматгузориҳои рақамии аз ҷониби оператор ба муштариён пешниҳодшавандаро намоиш дод. Ҳамин тариқ, хоҳишмандон имкон пайдо карданд фаъолияти замимаи нави мобилии “МегаФон Life”-ро, ки функсияҳои мессенҷер, “Ҳуҷраи корӣ”-ро дар худ муттаҳид карда, дар фаъолкунии бонусҳо дар доираи барномаи садоқатмандии “Раҳмат” кӯмак мекунад, мавриди санҷиш қарор диҳанд. 

Зимни нишасти хабарӣ натиҷаҳои соли 2018 ҷамъбаст карда шуданд. Дар соли ҷашни худ “МегаФон Тоҷикистон” инкишофи интернети баландсуръати 4G-ро идома медод. Дар шаҳрҳои сераҳолитарин – Хуҷанд, Панҷакент ва Конибодом – муштарии дастрасии васеъро ба Шабакаи ҷаҳонӣ пайдо намуданд. Сифат ва эътимоднокии интернети оператор дар баландшавии сатҳи маъруфияти он инъикос меёбад: дар соли 2015 трафики умумии таҳвили маълумот дар минтақа се маротиба афзоиш ёфт. Мушаххас дар шабакаи  4G теъдоди муштариён аз соли 2017 ба андозаи 50%, ҳаҷми маълумоти таҳвилдодаи онҳо қариб якуним маротиба зиёд гардид.

Иштироки оператор дар ҳаёти минтақа бо соҳаи алоқа маҳдуд намешавад. “МегаФон Тоҷикистон” ба амалишавии лоиҳаҳои сершумори иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Кӯдакони хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо ҳарсола иштирокчии мусобиқаҳои “Оянда аз ту вобаста аст”-и аз ҷониби ширкат ташкилшаванда мегарданд. Дар соли 2011 кӯдакон аз Хуҷанд ба Лондон сафар намуда, аз клуби “Арсенал” боздид намуданд. Соли 2017 оператор ба шаҳр композитсияи меъмории “Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро ҳадя намуд, ки он дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ҷой гирифтааст. Соли 2018 дар рӯзи Парчами Давлатӣ “МегаФон Тоҷикистон” рамзи нави шаҳр – арт-иншоотро бо навиштаҷоти “I love Khujand” туҳфа кард. Пешбарии фаъолият бо назардошти манфиатҳои минтақа, мусоидат ба инкишофи иқтисодиёти он, таъмини аҳолии вилояти Суғд бо алоқаи боэътимод ва телеком-хизматгузориҳои инноватсионӣ – сири асосии муваффақияти оператор гардиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.