Сарҳадҳои шаҳри Душанбе тағйир дода мешаванд

Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки санаи 18 декабр доир мегардад, масъалаи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад, хабар доданд аз мақомоти шаҳрдории пойтахт. Ёдрас мекунем, ки мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки 28 апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, васеъ кардани қаламрави пойтахт асосан дар самти ҷануб ва қисман […]

Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, ки санаи 18 декабр доир мегардад, масъалаи тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе баррасӣ мешавад, хабар доданд аз мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки 28 апрели соли 2017 тасдиқ шудааст, васеъ кардани қаламрави пойтахт асосан дар самти ҷануб ва қисман дар самтҳои шимолу шарқ ва ғарб пешбинӣ шудааст.

Васеъ кардани қаламрави мавриди сохтмону азхудкунӣ қарордоштаи шаҳр аз 12,7 ҳазор гектари ҳозира то ба 18 ҳазор гектар дар соли 2025, то 25 ҳазор гектар – дар соли 2040 ва 30 ҳазор гектар – баъди соли 2040 ба нақша гирифта шудааст.

Афзоиши шумори аҳолӣ дар қаламрави мавриди сохтмону истифодабарӣ қарордошта дар марҳилаи аввал то соли 2025 – то ба 936 ҳазор нафар ва дар давраи пешбинишуда то соли 2040 – то ба 1 млн. 176 ҳазор нафар дар назар аст.

Мутобиқи қарори дахлдор, ба мақомоти шаҳрдорӣ зарур аст, ки амалисозии азхудкунии қаламравро мувофиқи талаботи воқеӣ ва ҳаҷми сохтмон дар қаламрави шаҳри Душанбе то соли 2040 ба иҷро расонад.

Ғайр аз ин, ба мақомоти шаҳрдорӣ дастур дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳо то соли 2040 нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва қаламрави ба он пайваста, омодасозии қаламрав аз лиҳози корҳои муҳандисӣ, барқарор кардани коммуникатсияҳои муҳандисии мавҷуда ва иншоотро мувофиқи Нақшаи тасдиқшудаи генералии шаҳр ба анҷом расонад.

Тибқи ин қарор, ҳукумат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ уҳдадор мешаванд, ки дар қитъаҳои замини муайяншуда ба сифати қаламрави рушди минбаъдаи шаҳр бар асоси Нақшаи генералӣ, ба бунёди иншооти сохтмони асосӣ ва шинонидану ниҳолу дарахтҳои парваришашон бисёрсола роҳ надиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо ҳисобот дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт тӯли 11 моҳи соли равон раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маърӯза мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.