Намоиши филмҳо доир ба муҳоҷират дар Тоҷикистон

Фестивали савуми ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии СММ доир ба муҳоҷират дар бештар аз сад кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Фестивал ба Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир, ки ҳамасола 18-уми декабр қайд мешавад, бахшида шудааст. Тавре аз намояндагии СБМ дар Тоҷикистон хабар доданд, фестивал дар Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 […]

Фестивали савуми ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират аз ҷониби Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии СММ доир ба муҳоҷират дар бештар аз сад кишвари ҷаҳон баргузор мегардад. Фестивал ба Рӯзи байнулмилалии муҳоҷир, ки ҳамасола 18-уми декабр қайд мешавад, бахшида шудааст.

Тавре аз намояндагии СБМ дар Тоҷикистон хабар доданд, фестивал дар Тоҷикистон 6-уми декабри соли 2018 бо намоиши филми «Дар як қаиқ», ки чеҳраҳои инсонии буҳрони муҳоҷирон дар Баҳри Миёназаминро нишон медиҳад, оғоз шуд. Намоиши филмҳои дигари фестивал дар Тоҷикистон дар оғози соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Замон ва макони намоишҳои соли 2019 дар саҳифаи СБМ Тоҷикистон дар Фейсбук  эълон хоҳад шуд.

Имсол, дар фестивал филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатие, ки чолишҳо ва имкониятҳои муҳоҷират ва ҳамчунин, саҳми беназири муҳоҷирон ба ҷомеаҳои навашонро тасвир мекунанд, ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳадафи фестивал баррасии фаъолонатари яке аз падидаҳои бузургтарини замони мо мебошад.

 “Филмҳо зиндагиҳои гуногунро аз мавқеъҳои гуногун нишон дода метавонанд, ки дар навбати худ ба бинанда имкон медиҳад, то бо дарки бештар вориди мавзӯъи муҳоҷирон гардад, воқеъияти онҳоро, ниёзҳояшонро, имкониятҳо ва ояндаашонро беҳтар фаҳмад. Фестивал ба мо замон ва макони мувофиқеро фароҳам меорад, то фикри ҳамватанонамонро бикунем ва тамосҳо миёни кишвари асл ва кишвари мизбон ва ҷомеаву муҳоҷиронро нигаҳ дорем. Барои Тоҷикистон низ муҳоҷират мавзӯъи нав нест, чунки дар ин ҷо мушкил аст касеро дарёфт, ки зиндагияш ба шакле зери таъсири муҳоҷират қарор нагирифта бошад. Ба андешаи мо, филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷират ба мардум ёрӣ медиҳад, то доир ба ин падида тасаввуроти рӯшантар пайдо кунанд”, – гуфтааст Кристина Ҷорҷ Транка, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон

Тӯли солиёни зиёд, филмҳо манбаъи иттилоот, тафреҳ, таълим ва оғози баҳс мебошанд. Бо назардошти ин, дар соли 2016, СБМ, Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират, Фестивали ҷаҳонии филмҳо дар мавзӯъи муҳоҷиратро роҳандозӣ кард. Филмҳо метавонанд ба ҳайси василаи омӯзишӣ истифода шаванд, чунки онҳо ба дарк ва муносибат таъсир мегузоранд. Филмҳо, ҳамчунин, метавонанд барои баҳсҳои эҳтиромона ва ҳамкориҳо имконият фароҳам оранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.