Садамаи нақлиётро дар Краснодар бо 6 тани ҳалокшуда ҷавони 18-сола содир намуд

Кормандони мақомоти пулис шахсияти ронандаеро, ки дар кишвари Краснодар бо гуноҳи ӯ субҳи рӯзи 6 декабр садамаи нақлиёт рух дода, ба ҳалокати 5 шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, муайян карданд. “Дар ҷойи ҳодиса 6 нафар аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуданд, ду нафар аз онҳо кӯдакон мебошанд, ронанда ҳам фавтид. Мусофирон – ду зани соли таваллудашон 1985 […]

Кормандони мақомоти пулис шахсияти ронандаеро, ки дар кишвари Краснодар бо гуноҳи ӯ субҳи рӯзи 6 декабр садамаи нақлиёт рух дода, ба ҳалокати 5 шаҳрванди Тоҷикистон боис гардид, муайян карданд.

“Дар ҷойи ҳодиса 6 нафар аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок шуданд, ду нафар аз онҳо кӯдакон мебошанд, ронанда ҳам фавтид. Мусофирон – ду зани соли таваллудашон 1985 ва 1950, марди 22-сола ва ду нафар кӯдакони 5 ва 8-сола низ ҳалок шуданд. Ягона нафари зиндамонда писарчаи 11-сола мебошад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар кишвари Краснодар.

Агентии иттилоотии KrasnodarMedia бо истинод ба хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар кишвари Краснодар хабар медиҳад, ки 3 нафар кормандони автомашинаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва 1 мусофири ВАЗ-2114 дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Шахсияти ронандаи автомашинаи сабукрав аллакай муайян карда шудааст. Ӯ сокини 18-солаи маҳаллӣ мебошад. Ин ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст.

Тибқи маълумоти пешакии мақомоти пулис, ронандаи ВАЗ-2114 аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ мебарояд ва ба автомашинаи ёрии таъҷилӣ бармехӯрад.

https://www.youtube.com/watch?v=hC68MU3ilqo

Мақомоти пулиси Русия алҳол шахсияти танҳо ду мусофирро муайян кардааст. Инҳо зани 22-солаи сокини маҳаллӣ, ки дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд ва навраси 11-сола, ки дар бемористон бистарӣ аст. Шахсияти ҳалокшудагони дигар мавриди муайяншавӣ қарор дорад.

Айни замон дар ҷойи ҳодиса муфаттишон машғули коранд. Ҳамаи ҷузъиёти садамаи нақлиёт таҳқиқ мешавад. Аз эҳтимол дур нест, ки шояд сари чанбараки автомашинаи ВАЗ-2114 хоби ронанда бурда бошад.

Дар ҳамин ҳол, як сокини Тоҷикистон дар панҷ нафар ҳалокшудагон хешу ақрабои худро шинохт. Муҳиддин Вашгирдӣ, сокини ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, дар саҳифаааш дар Фейсбук акси зани фавтидаро гузошта, ӯро аммаи худ номбар мекунад.

Тавре ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, дар ин садама аммаи 68-солааш Садбарг Шарипова ва се нафар набераҳои 8, 10 ва 18-солааш ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин хеши дигараш зани 22-сола низ фавтидааст. Муҳиддин гуфт, ҷасадҳои фавтидагонро имрӯз ба Тоҷикистон мефиристанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.