Толибон дар пайи қатли “Мессии кӯчак”. Оилааш ӯро пинҳон мекунад

Модари Муртазо Аҳмадӣ мегӯяд, ки пас аз машҳур шудани Муртазо Аҳмадӣ Толибон чанд маротиба таҳдиди куштори писарашро кардаанд ва онҳо маҷбур шудаанд, ки тарки хона карда, дар Кобул макони амнтар пайдо намоянд, менависад Euronews. Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаке аз қавми ҳазораҳои Афғонистон замоне машҳури ҷаҳон гашт, ки бо либоси “худдӯхти” футболбози шинохтаи дастаи футболи Барселона ва […]

Модари Муртазо Аҳмадӣ мегӯяд, ки пас аз машҳур шудани Муртазо Аҳмадӣ Толибон чанд маротиба таҳдиди куштори писарашро кардаанд ва онҳо маҷбур шудаанд, ки тарки хона карда, дар Кобул макони амнтар пайдо намоянд, менависад Euronews.

Муртазо Аҳмадӣ, кӯдаке аз қавми ҳазораҳои Афғонистон замоне машҳури ҷаҳон гашт, ки бо либоси “худдӯхти” футболбози шинохтаи дастаи футболи Барселона ва тими мунтахаби Аргентина Леонел Мессӣ дар наворе пайдо шуд ва аз меҳри ба футбол ва Мессӣ доштааш қисса кард. Пас аз пахши ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Леонел Мессӣ аввал ба ӯ либоси варзишӣ бо соядасташ фиристод ва баъдан бо ӯ мулоқот намуд. Имрӯз Мутразо Аҳмадиро одамони зиёд, ҳам дар Афғонистон ва ҳам берун аз он, ҳамчун “Мессии кӯчак” мешиносанд.

Ҳамин шӯҳрати соҳибгаштааш имрӯз омили аслии таҳдидкунанда ба ҳаёти ӯ гаштааст. Гурӯҳи террористии Толибон қасди куштани ӯро кардаанд. Шафиқа Аҳмадӣ, модари “Мессии кӯчак” ба шабакаи “Euronews” гуфтааст, ки “намедонам барои чӣ Толибон ӯро дӯст надоштанд. Аз рӯзе, ки машҳур гашт, Толибон ҳамеша таҳдиди боздошт ва пора кардани ӯро мекунанд”.

Бино ба гуфтаи модари Муртазо Аҳмадӣ, оилаи онҳо маҷбур шудаанд хонаи худ дар вилояти Ғазниро тарк намоянд ва аз амалиётҳои низомии Толибон паноҳ баранд. Аммо дар Кобул ҳам, ки акнун паноҳгоҳ ёфтаанд, вақти ба кӯча баромадан онҳо рӯйи Муртазоро пинҳон мекунанд. Либоси варзишии Мессӣ тӯҳфа намуда дар хонае, ки тарк кардаанд, боқӣ мондааст.

Ин маротибаи аввал нест, ки Толибон қасди куштори чеҳраҳои шинохта мекунанд. Қабл аз ин, Толибон ба Малола Юсуфзай, духтараки покистонӣ, ки аз сӯйиқасди ҷанговарони ин гурӯҳ саломат монду ҷойизаи сулҳи Нобел гирифт, чандин маротиба таҳдиди куштор карда буданд ва ошкор эълон карданд, ки ӯро пайдо ва нобуд хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.