Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Япония дар Душанбе гирдиҳам меоянд

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) рӯзҳои 15-16 декабр дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд. Дар ин ҷо 7-умин Машварати вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” доир мегардад. Зимни ҷаласаи вазирон баррасии масъалаҳои таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон, ба эътидол овардани вазъ дар […]

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) рӯзҳои 15-16 декабр дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд. Дар ин ҷо 7-умин Машварати вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” доир мегардад.

Зимни ҷаласаи вазирон баррасии масъалаҳои таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва фарҳанг дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Япония ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои машварат изҳороти муштарак ба имзо мерасад.

Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” соли 2004 бо ташаббуси Япония бо мақсади тақвияти талошҳо оид ба густаришу таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин рушди ҳамкории минтақавӣ таъсис дода шуд. Муколама ба майдони муҳими баррасии масоили барои минтақа муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин мушкилоти таъмини амният табдил ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.